Jump to content

Фарҳанги Вахш

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Фарҳанги Вахш
Нигора
 Парвандаҳо дар Викианбор

Фарҳанги Вахш, Маданияти Вахш — фарҳанги давраҳои охири асри биринҷӣ дар поёноби Вахш ва Қизилсӯи ҷануби Тоҷикистон, ба нимаи дуюми ҳазораи 2 то мелод мансуб аст.

Экспедицияи археологии ҷануби Тоҷикистон (солҳои 1961—1967) тадқиқ карда аст. Ёдгориҳои асосиаш аз даҳмаҳои Полвоятукай, Вахш, Ойкӯл, Ҷаркӯл ва Макони Мор иборатанд. Бошишгоҳҳои Маданияти Вахш дарёфт нашудаанд. Шояд, чорводорӣ асоси иқтисодии ҷамъиятро ташкил дода бошад. Болои даҳмаҳо бо хоки зард ё шағал пӯшонида шуда, аксар аз поён ё камар, баъзан аз боло ҳам бо сангҳо иҳота шудаанд.

Даромадгоҳи даҳмаҳои Маданияти Вахш аз якдигар фарқ мекунанд. Дахмаҳо ҳар хел мебошанд: мудаввар, секунҷа, Т ва П монанд, камоншакл кофта шуда, роҳравҳояшон болопӯшанд. Дарозии роҳравҳо аз 1 то 7 м, барашон  0,5—2 метр, чуқуриашон 0,5—3 метр. Чанде аз майитҳо (асосан тифлон) дар чуқуриҳои оддӣ мадфунанд. Чанд қабр ёфт шудааст, ки фасадҳо ҷуфтанд (марду зан ва мардҳо ё занҳо). Барои Маданияти Вахш як хел гӯронидани майит хос: бо дасту пои қат ба паҳлӯ. Мардҳо асосан ба паҳлӯи рост, рӯ ба даромадгоҳ вале занҳо ҳар хел гӯронида шудаанд. Ҷасадҳо ҳар хел, вале аксар рӯ ба шимол мехобиданд. Аз қабрҳо зарфҳои сафолӣ, маснуоти фулузӣ (оина, корд, ханҷар), сангӣ (пайкон, сари гурз) ва устухонӣ ёфт шудаанд. Аксари бошандагони Маданияти Вахш оташпараст буданд. Дар Полвонтукай ду даҳма кушода шудааст, ки аз дигар даҳмаҳо фарқ дорад. Дар атрофи яке аз онҳо 20 ва дигаре 41 гулхан афрӯхта будаанд.

Осори қурбонӣ ба шарафи оташ ҳам ба назар мерасад. Эҳтимол дар ин даҳмаҳо доҳиёни қабилаҳои қадимии поёноби Вахш гӯронида шуда бошанд. Аз онҳо ашёҳои биринҷӣ ва чанд зарф ба даст омаданд. Дар яке аз даҳмаҳо зану мард дар як вақт гӯронида шудаанд. Ақида ҳаст, ки Маданияти Вахш дар натиҷаи дар ин ноҳия паҳн шудани қабилаҳои қадимии деҳқонони ҷанубу ғарбии Осиёи Миёна ба вуҷуд омадааст.

  • Маданияти Вахш / Л. Т. Пьянкова // Лениннома — Муҳит. — Д. : СИЭСТ, 1983. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 4).