Jump to content

Фахруддини Роҷӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Фахруддини Роҷӣ

Фахруддини Роҷӣ (форсӣ: فخر‌الدین راجی‎; 1880—1937) — шоир, хаттот[1], хушнавис ва рӯшанфикри тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Фахруддини Роҷӣ соли 1880 дар гузари Зингарони шаҳри Самарқанд дар оилаи шоир Нуриддини Ҳодӣ таваллуд шуда, маълумоти ибтидоиро дар назди падараш мегирад. Азбаски падараш хаттоти хеле хушхат буд, Роҷӣ аз айёми бачагӣ касби хаттотиро меомӯзад. Баробари ин, ба кумаки падар аз илмҳои шеъру шоирӣ ва олами ислом баҳравар мешавад[2].

Фахруддини Роҷӣ соли 1937 Роҷӣ ҳам мисли садҳо қурбониёни маориф бо тӯҳмат ба репрессияи сталинӣ гирифтор шуда, дар маҳбусхонаҳои дурдасти Русия беш аз даҳ сол азобу шиканҷа кашид ва дар зери зулми мустабидон берун аз хоки ватан вафот кард. То ҳол ҷойи қабри ӯ маълум нест[2].