Фахруддин Алии Сафӣ
Таърихи таваллуд: | 12 феврал 1463[1] |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1532[1][2] |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Фахруддин Алии Сафӣ (форсӣ: فخرالدین علی صفی; 12 феврал 1463[1], Сабзавор, устони Хуросони Разавӣ — 1532[1][2]) — шоир, ориф ва нависандаи форс-тоҷик, писари Ҳусайн Воизи Кошифӣ ва муаллифи «Латоифу-т-тавоиф».
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Фахруддин Алии Сафӣ соли 867 ҳиҷрии мутобиқ ба 1463 милодӣ дар мавзеи Байҳақи Сабзавор дар хонаводаи олиму нависанда, шоиру воиз ва фақеҳу муҳаддиси номвари қарни XV Ҳусайн Воизи Кошифӣ ба дунё омада, тақрибан дар соли 1480 милодӣ бо ҳамроҳии хонавода ба Ҳирот кӯчида, таҳсилоти илмӣ ва касби камоли ӯ дар ин шаҳр дар ҳалқаи падараш Ҳусайн Воиз ва Абдурраҳмони Ҷомиву Абдулғаффури Лорӣ гузаштааст.
Баъди шиносоӣ бо оину тариқати Нақшбандия Алии Сафӣ дар синни бисту дусолагӣ, яъне соли 889 ҳиҷрӣ (1485 милодӣ) бори аввал ба мулозимати Хоҷа Убайдуллоҳи Аҳрор ба Самарқанд рафта ва бори дигар соли 893 ҳиҷрӣ ин пири муршидро зиёрат ва мулозимат намудааст.
Дар бораи муносиботи хешовандии хонаводаи Ҳусайн Воиз бо Абдурраҳмони Ҷомӣ андешаҳои мухталиф мавҷуданд, вале санади издивоҷи Алии Сафӣ дар соли 904 (1498) бо духтари Хоҷа Калон аз қавли худи ӯ буда, ҷои баҳсу тардид надорад ва соли 929 (1522-1523) ба мақоми падар расидани ӯ низ бебаҳс аст.
Бо назардошти он ки таърихи аниқи вилодати Алии Сафӣ соли 867 (1463) ва соли вафоташ 939 (1533) муайян шудааст, муддати умри ӯ дар ҳудуди 70 сол бояд бошад.
Фахруддин Алии Сафӣ чун падари хеш Ҳусайн Воизи Кошифӣ олиму воиз, фақеҳу муҳаддис, муфассири Қуръон ва шоиру нависандаи тавонои замони худ ба шумор мерафтааст. Дар бораи замони зиндагӣ ва вазъи сиёсиву иҷтимоии АлииСафӣ дар ин рисола махсус таваққуф карданро зарур надонистем, зеро ин масъала дар осори илмӣ-тадқиқотии муҳаққиқоне, ки дар бораи рӯзгору осори намояндагони дигари адабиёти давраи мазкур чун Ҳилолӣ, Биноӣ, Восифӣ, Мушфиқӣ ва соири онҳо тадқиқоти монографӣ анҷом додаанд, мавриди баҳси муфассал қарор гирифтааст. Фақат хотиррасон кардан мехоҳем, ки даврони зиндагии Фахруддин Алии Сафӣ ба интиҳои асри XV ва нимаи аввали асри XVI мувофиқ меояд, ки замони бӯҳрони сиёсӣ ва нооромию қатлу ғоратҳо дар Мовароуннаҳру Хуросон ба сабаби инқирози давлати мутамаркази Темуриён ва ҷангҳои ғоратгаронаи миёни Шайбониёну Сафавиён барои тасарруфи ин сарзаминҳо ва оқибатҳои фоҷиабори таассуби мазҳабии ҳукуматдорони шайбониву сафавӣ ҳисоб меёбад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Латоиф-ут-тавоиф. — Д.: Адиб, 2011. — С. 9—26.