Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Фақр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Харитаи аҳолии камдаромад соли 2028

Фақр, тиҳидастӣ ё тангдастӣ — ба маънои вазъиятест, ки фард аз надоштани маблағ ва зиндагии вазнин ба худ мегирад[1].

Фақр — хусусияти вазъи иқтисодии шахс ё гурӯҳи иҷтимоӣ, ки дар он онҳо наметавонанд доираи муайяни ҳадафҳои минималии ҳаётан муҳимро, ки барои зиндагӣ, нигоҳ доштани қобилияти меҳнат ва давом додани насл заруранд, таъмин кунанд.Фақр мафҳуми нисбӣ ва бисёрҷанба мебошад ва аз меъёри умумии сатҳи зиндагӣ дар ҷомеаи мазкур вобаста аст (коэффитсиент Джини, шохиси Тейла)[2].Олимон бо мафҳумҳои фақри мутлақ (аввалӣ) ва нисбӣ (дуюмӣ) кор мекунанд. Фақри мутлақ ҳамчун вазъи шахс муайян мешавад, ки дар он шароит барои ҳаётии физиологӣ кофӣ нест. Фақри нисбӣ ҳамчун вазъи шахс муайян мешавад, ки дар он воситаҳои мавҷудаи шахс барои мувофиқ шудан бо интизориҳои субъективии иҷтимоӣ нисбати меъёрҳои муайян кофӣ нест[3][4].

Фақр аз решаи Pauper меояд, ки бо Paucus ва юнонии Pénes таъриф мешавад[5].

Таърихи омӯзиши мушкилоти фақр

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар таҳқиқоти сабабҳо ва ҷойгоҳи фақр дар ҷомеа давраеро аз асри XVIII то нимсолаи аввали асри XX фарқ мекунанд (А. Смит, Д. Рикардо, Т. Малтус, Г. Спенсер, Ж. Прудон, Э. Реклю, К. Маркс, Ч. Бут ва С. Раунтри) ва таҳқиқоти фақр дар асри XX (Ф. А. Хайек, П. Таунсенд[en] ва дигарон).

Ҳатто корҳои А. Смита аллакай хусусияти нисбии фақрро тавассути иртиботи байни фақр ва шарми иҷтимоӣ муайян карданд, яъне тавозуни нобаробар байни меъёрҳои иҷтимоӣ ва имконияти моддии шахс барои риояи онҳо. Ҳанӯз дар асри XIX пешниҳод шуда буд, ки хатти фақр бар асоси буҷаҳои оилавӣ ҳисоб карда шавад ва ба ин васила меъёри фақри мутлақ ҷорӣ карда шавад, яъне меъёрҳои муайян кардани фақр бо сатҳи даромад ва қонеъ кардани ниёзҳои асосии шахс, ки бо нигоҳдории сатҳи муайяни қобилияти меҳнат ва саломатӣ алоқаманданд, пайваст карда шаванд.

Саҳми назаррас дар таҳқиқи мушкилоти фақрро ҳам иқтисоддонҳо ва ҳам ҷомеашиносон гузоштаанд, ки аксарияти онҳо мавҷудияти фақр дар ҷомеаро ҳамчун як қонуният эътироф кардаанд; тафовути нуқтаҳои назар асосан дар он буд, ки зарурияти дахолати давлат барои ҳаллу фасли мушкилоти фақр ва ҳаҷми чунин дахолатро эътироф кунанд ё рад кунанд.[6]

Фақри мутлақ

[вироиш | вироиши манбаъ]
Мақолаи асосӣ: Фақри мутлақ

Фақри мутлақ ба ин ки фард ба ниёзҳои ибтидоии зиндагӣ дастрасӣ надошта бошад, ишора дорад[7]. Яъне чизҳои монанди оби тоза, омӯзиш, пӯшок ва сарпаноҳ. Имрӯз дар ҷаҳон тахминан 1,8 миллиард нафар дар фақри мутлақ зиндагӣ мекунанд.

Фақри нисбӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Фақри нисбӣ ба надоштани сатҳи маъмулӣ дар муқоиса бо дигар афроди ҷомеае, ки тавоноӣ дорад. Афроде, ки бо фақри нисбӣ ба сар мебаранд, «мувофиқи ҳисобҳо 38, 3 дарсадро ташкил мекунад. Ба ин табақаи аҳолӣ он нафароне дохил мешаванд, ки даромадашон ба ҳар аъзои оила дар як рӯз аз 2 доллару 15 сенти амрикоӣ камтар аст»[8].

Сатҳи зиндагӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сатҳи зиндагӣ истилоҳест, ки барои нишон додани ҳудуди масрафҳои моддӣ ва маънавии аҳолии як кишвар ба кор меравад. Сатҳи зиндагӣ ба мизон ва чигунагии баровардани ниёзҳои моддӣ ва маънавӣ бастагӣ дошта ва дар сохторҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии ҳар кишвар бастагӣ дорад. Сатҳи зиндагӣ мустақиман ба тавлиди иҷтимоӣ, даромади аҳолӣ, танзими молҳои баланд сифат ва камсифат ва чигуна бартараф кардани ниёзҳои фарҳангӣ ва беҳдоштӣ вобаста аст.

  1. poverty | Definition, Causes, Types, & Facts(англ.). Encyclopedia Britannica. 5 августи 2020 санҷида шуд.
  2. Wieviel Luxus steht Armen zu? Бойгонӣ шудааст 14 Январ 2010  сол.
  3. Парягина Ольга Александровна Право на защиту от бедности. Российский ракурс // Сибирский юридический вестник. — 2004. Вып. 2. С. 52–56. ISSN 2071-8136.
  4. Батракова Людмила Георгиевна Основные концепции оценки бедности населения // Ярославский педагогический вестник. — 2011. Т. 1, вып. 3. С. 117–121. ISSN 1813-145X.
  5. Marc Henry، Paul. Фақр, пешрафт ва тавсеа /тарҷумаи Масъуд Муҳаммадӣ/, Теҳрон: Муассисаи чоп ва интишороти вазорати умури хориҷа. Саҳ, 80.
  6. Хатои ёдкард: Барчасби <ref> ғайримиҷоз; матне барои ёдкардҳо бо номи "РЕФ.РФ" ворид нашудааст
  7. Krugman, Paul, and Robin Wells. Macroeconomics. 2. New York City: Worth Publishers, 2009. Print.
  8. Фақр чист ва нодор кист?(тоҷ.). Радиои Озодӣ. 5 августи 2020 санҷида шуд.