Феълҳои модалӣ
Зоҳир
Як гурӯҳи махсуси феълҳои ёридиҳандаи забони тоҷикӣ бо маънои луғавӣ ва моҳияти грамматикии худ муносибати ба воқеият доштаи мазмуни суханро ифода мекунанд ва аз ин ҷиҳат дорои тобишҳои сиғавӣ мебошанд. Ин гуна феълҳои ёридиҳанда феълҳои модалӣ номида мешаванд, ки инҳоянд: тавонистан, хостан, боистан, шоистан. Феълҳои тавонистан ва хостан дорои шаклҳои аорист, замони ҳозира-оянда ва шаклҳои асосии замони гузашта буда, аммо шаклҳои тарз надоранд. Феълҳои боистан ва шоистан таърихан ба тағироте дучор шуда омадаанд ва дар забони ҳозира танҳо шаклҳои ҷудогонаи онҳо истеъмол меёбад.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. — Душанбе: Дониш,1985. — 183саҳ.