Jump to content

Забони порсии миёна

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Форсии миёна)
Порсии миёна
Кишварҳо
Таснифот
забонҳои ҳиндуаврупоӣ
забонҳои ҳиндуэронӣ
забонҳои эронӣ
забонҳои ғарбӣ-эронӣ[d]
забонҳои эронии ҷанубӣ-ғарбӣ[d]
порсии миёна
Хат Хатти паҳлавӣ, Manichaean[d], Хати Авесто ва Inscriptional Pahlavi[d]
Коди забонӣ
ГОСТ 7.75–97 пех 537
ISO 639-1
ISO 639-2 pal
ISO 639-3 pal
IETF pal
Glottolog pahl1241
Ниг. низ: Лоиҳа:Забоншиносӣ

Порсии миёна(Порсиг) ё Паҳлавӣ як забони Эронӣ аст ки дар замони Сосониён забони Эрони бузург будааст. Ин забон фарзанди забони порсии бостон ва модари забони Форсии дарӣ (ки акнун ба номҳои Форсӣ,дарӣ ва тоҷикӣ гуфта мешаванд) ба шумор меравад. Порсии миёна бештар ба хатти Паҳлавӣ навишта мешудааст. Порсигӯёни Монавӣ ин забонро бо хатти монавӣ ҳам менавиштанд.

Дар радабандии забонҳои Эронӣ, даврони миёнаи садаи сеюми пеш аз милод (замони инқирози сулолаи Ҳахоманишиён) то садаи ҳафтуми милодӣ (замони инқирози сулолаи Сосониён) ба шумор меравад. Яке аз забонҳои ин даврон Порсии миёна аст, ки идомаӣ Порсии бостон ба шумор меравад.

Фарзанди имрӯзини Порсии миёна Форсӣ аст. тағйироти забони Порсии миёна аз авохири даврони миёна то авойили даврони Форсӣ дарӣ басиёр тадриҷи будааст, ба гунаи, ки дар садаҳои даҳум ва ёздаҳум матнҳои Порсии миёна барои гӯйишварони забони Форсӣ қобили фаҳм будааст. Ҳарчанд ки тағйироти равшане то он замон байни ин ду забон рух дод.

  1. ScriptSource - Iran