Jump to content

Фумио Кишида

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Фумио Кишида
ҷопонӣ: 岸田 文雄
аз 31 октябр 2021
13 сентябр 2023 — 1 октябр 2024
Пешгузашта Фумио Кисида
Ҷонишин Shigeru Ishiba[d]

Таваллуд 29 июл 1957(1957-07-29)[1][2][3] (67 сол)
Падар Fumitake Kishida[d][1]
Ҳамсар Yuko Kishida[d]
Фарзандон Shotaro Kishida[d]
Ҳизб
Таҳсилот
Соядаст
Ҷоизаҳо
Вебгоҳ kishida.gr.jp(ҷоп.)
Ҷойҳои кор
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викитека Осор дар Викитека

Фумио Кишида (ҷопонӣ: 岸田 文雄 Фумио Кишида, тав. 29 июли 1957, Шибуя, Токио[4][5][6]) — арбоби сиёсӣ, Раиси Ҳизби Либералӣ-демократии Ҷопон аз 29 сентябри соли 2021. Сарвазири Ҷопон аз 4 октябри соли 2021[7][8].

Вазири корҳои хориҷии Ҷопон (26 декабри 2012 — 3 августи 2017).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Фумио Кишида 29 июли соли 1957 дар Шибуя, Токио дар оилаи сиёсатмадорони меросӣ ба дунё омадааст . Падари ӯ Фумитаке Кишида[jp] ходими давлатии Вазорати иқтисод, савдо ва саноати Ҷопон ва директори Агентии соҳибкории хурд ва миёна буд .

Фумио Кишида ба мактаби ибтидоии PS 013 Клемент С Мур дар Квинс, Ню Йорк таҳсил мекард, зеро падараш ҳамон ҳангом дар Иёлоти Муттаҳида кор мекард[9] . Фумио Кишида мактабро дар Кайсе ба итмом расонд, ки дар он ҷо ӯ инчунин дар дастаи бейсбол бозӣ кардааст[10] .

Фумио Кишида дар риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Васеда таҳсил карда, онро соли 1982[10] ба итмом расонд. Дар Донишгоҳи Васеда ӯ бо сиёсатмадори ояндаи Ҷопон Такеши Иваей[en][11] дӯстӣ дошт.

Фаъолияти сиёсӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Фумио Кишида пас аз кор дар бонк[12] ӯ бори аввал ба ҳайси котиби узви Палатаи намояндагон, моҳи июли соли 1993 аз Ҳизби либерал-демократии Ҷопон ба Палатаи намояндагон интихоб шуд. Намояндагии ноҳияи 1-уми Хирошима[13] .

Кишида аз соли 2007 то 2008 вазири умури Окинава ва қаламравҳои шимолӣ (ҷазираҳои Курил) буд, аввал дар дастгоҳи сарвазир Шинзо Абе ва баъдан Ясуо Фукуда кор кардааст[14] . Вай соли 2008 дар дасгоҳи Сарвазир Ясуо Фукуда вазири давлатӣ дар умури истеъмолкунандагон ва амнияти ғизоӣ таъин шуд. Кишида инчунин дар вазифаи вазири давлатӣ оид ба сиёсати илм ва технология, сифати зиндагӣ ва ислоҳоти қонуни ҷамъиятӣ кор мекард[14] .

Ҳукумати Абе

[вироиш | вироиши манбаъ]

Кишидо Вазири корҳои хориҷӣ дар дастгоҳи сарвазир Шинзо Абе 26 декабри соли 2012 таъин карда шуд[15] .

Кишида муддати дарозтарин вазири корхои хоричии Ҷопон буд.

3 августи соли 2017, пас аз тағйироти қуллии дастгоҳи вазирони Шинзо Абе ӯ ба мақоми вазири хориҷиро тарк кард ва Шӯрои сиёсии Ҳизби либерал-демократиро раҳбарӣ кард.

29 сентябри соли 2021 ӯ раиси Ҳизби либерал-демократии Ҷопон интихоб шуд[8] .

  1. 1.0 1.1 経歷 (яп.)
  2. Munzinger Personen (нем.)
  3. https://www.mofa.go.jp/about/hq/profile/kishida.html (ингл.)
  4. The Arrival of Kishida Diplomacy?. The Diplomat (7 сентябри 2021).
  5. Fumio Kishida. Kantei.
  6. Abe Cabinet (Formed December 26, 2012). Бойгонӣ шудааст 30 сентябри 2021  сол. Проверено 11 июли 2023.
  7. Fumio Kishida: Japan's new prime minister takes office(англ.), BBC News (4 October 2021).
  8. 8.0 8.1 Fumio Kishida likely to become Japan's next Prime Minister after winning leadership election. CNN. 29 сентябри 2021 санҷида шуд.
  9. Japan's Next Prime Minister: Who Are the Candidates to Succeed Yoshihide Suga?(англ.). Wall Street Journal (3 September 2021). 28 сентябри 2021 санҷида шуд.
  10. 10.0 10.1 Sin, Walter. Fumio Kishida: Japan's ronin turned prime minister-designate, The Straits Times (2 октябри 2021). Проверено 4 октябри 2021.
  11. Reynolds, Isabel. Abe's Low-Key Foreign Minister Watched as Potential Rival(англ.), Bloomberg.com (20 July 2017). Проверено 29 августи 2020.
  12. Биография Фумио Кисиды. РИА Новости (29 сентябри 2021). 27 ноябри 2021 санҷида шуд.
  13. Profiles of key ministers in Abe's new Cabinet (26 Декабри 2012). Бойгонӣ шудааст 25 Январ 2013  сол. Проверено 27 Декабри 2012.
  14. 14.0 14.1 Profile: Foreign Minister Kishida boasts background in Okinawa affairs (27 Декабри 2012). Бойгонӣ шудааст 2 Декабри 2013  сол. Проверено 3 Январ 2013.
  15. http://www.rbc.ru/rbcfreenews/20121226135437.shtml Бойгонӣ шудааст 5 марти 2016  сол. Новый премьер Японии С. Абэ сформировал кабинет министров
  • 核兵器のない世界へ 勇気ある平和国家の志. 日経BP. 2020年10月15日. ISBN 978-4296106974.  Text "和書" ignored (help); Check date values in: |date= (help)