Jump to content

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст (озмун)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» — озмуни ҷумҳуриявии китобхонӣ дар Тоҷикистон, ки бо мақсади ташвиқ ба китобхонӣ ва рушди маърифати наврасону ҷавонон ва аҳолӣ бо ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, аз соли 2019 оғоз гардидааст[1].

Озмун бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ (магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо), омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар доир мегардад.

Сарпараст ва масъулони озмун

[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарпарасти Озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, масъулони баргузории Озмун вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошанд[2].

Таркиби озмун

[вироиш | вироиши манбаъ]

Озмун аз чор давр иборат аст, ки аввал дар сатҳи мактабҳо ва муассисаҳои таълимӣ, баъдан дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва вилоятҳо гузаронида мешавад. Номзадҳои беҳтарин ба даври ҷумҳуриявӣ роҳ меёбанд.

Озмун аз рӯи шаш номинатсия баргузор мешавад[2]:

  • адабиёти кӯдакон ва наврасон;
  • адабиёти классикии тоҷик;
  • адабиёти муосири тоҷик;
  • адабиёти ҷаҳон;
  • эҷоди назм;
  • эҷоди наср.

Дар ҳар номинатсия, иштирокчиён китобҳои муайянро мутолиа карда, дониш ва дарки худро аз онҳо пешниҳод мекунанд.

Ғолибон дар даври ҷумҳуриявӣ бо ҷоизаҳои пулӣ ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ мешаванд. Ин иқдом инчунин барои эътирофи ҷавонон дар сатҳи давлатӣ мусоидат мекунад.

Барандагони ҷоизаи асосӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  • 2019 — бидуни ғолиби асосӣ
  • 2020 — Раъно Насриддинова, хонандаи синфи 11 аз шаҳри Панҷакент[3][4];
  • 2021 — бидуни ғолиби асосӣ[5]
  • 2022 — Шаҳло Сайдалиева, хонандаи синфи 9 аз ноҳияи Данғара​[6];
  • 2023 — Шукрона Тоҳирӣ, донишҷӯи курси сеюми факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон[7];
  • 2024 — чор тан ғолиби асосӣ[8]:
    • Малика Ҳасанова, хонандаи синфи 11 аз шаҳри Кӯлоб дар номинатсияи адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ;
    • Шаина Мабатқадамова, хонандаи синфи 9 аз шаҳри Хоруғ дар номинатсияи адабиёти классикии тоҷик;
    • Сабрина Шарифзода, хонандаи синфи 11 аз ноҳияи Восеъ дар номинатсияи адабиёти муосири тоҷик;
    • Асилабону Алимова, хонандаи синфи 3- аз шаҳри Душанбе дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон.

Озмун дар рушди фарҳанги китобхонӣ дар байни ҷавонон таъсири мусбат гузоштааст. Тибқи иттилои расонаҳо, теъдоди иштирокчиён ҳар сол афзоиш ёфта, иштирок аз тамоми гӯшаҳои кишвар фаро гирифта мешавад [3].

  1. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 9 феврали соли 2019, таҳти №АП-1165. 29 ноябри 2024 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 2 Декабри 2024.
  2. 2.0 2.1 Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» » Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон(рус.). Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон. 29 ноябри 2024 санҷида шуд.
  3. Раъно Насриддинова соҳиби «Шоҳҷоиза»-и «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2020 гардид. АМИТ "Ховар" (18 Декабри 2020). 29 ноябри 2024 санҷида шуд.
  4. Sputnik Тоҷикистон. Барандаи Шоҳҷоизаи “Фурӯғ” аз зебоии олами адабиёту муҳити хароби фарҳангӣ дар шаҳр гуфт(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (24 Декабри 2020). 29 ноябри 2024 санҷида шуд.
  5. Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ҷамъбаст шуд. Кистанд ғолибон?. Pressa.tj (16 Декабри 2021). 29 ноябри 2024 санҷида шуд.
  6. Шоҳҷоизаи “Фурӯғи субҳи доноӣ...”-ро Шаҳло Сайдалиева соҳиб шуд. Ҷоизадорони дигарро бишносед. www.asiaplustj.info. ASIA-Plus. 29 ноябри 2024 санҷида шуд.
  7. Барандаи «Шоҳҷоиза»-и «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шукрона Тоҳирӣ: «Мехоҳам бо арзи сипосу миннатдорӣ дастоварди худро ба Президенти Тоҷикистон эҳдо намоям». АМИТ "Ховар" (16 ноябри 2023). 29 ноябри 2024 санҷида шуд.
  8. 4 нафар довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» сазовори «Шоҳҷоиза»-и озмун гардиданд. АМИТ "Ховар" (23 ноябри 2024). 29 ноябри 2024 санҷида шуд.