Jump to content

Халқчигӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Халқчигӣ (русӣ: народничество) — идеология ва ҳаракати интеллигенсияи разночинӣ дар давраи буржуазӣ-демократии муборизаи озодихоҳӣ дар Русия (1861—1995).

Манфиатҳои деҳқононро ифода мекард, муқобили крепостнойчигӣ ва тараққиёти капиталистии Русия, тарафдори бо роҳи револютсияи деҳқонон сарнагун кардани мутлақият буд. Xалқчигӣ як навъи утопияи сосиалистии деҳқонӣ ва ҷамоатӣ буд. Аз ибтидои солҳои 60 ду равия — революсионӣ ва либералӣ ҷудо шуд. Асосгузоронаш А. И. Герсен, Н. Г. Чернышевский, идеологҳояш М. А. Бакунин, П. Л. Лавров, П. Н. Ткачёв буданд. Ташкилотҳои асосии халқчигӣ дар солҳои 1860— 80— ишутиниҳо, чайковиҳо (ташкилотчиёни «ба байни халқ рафтан»), «москвагиҳо», «Замин ва озодӣ», «Чёрный персдел», «Озодии халқ». Аз нимаи дуюми солҳои 80 асри 19 халқчигӣ ба бӯҳрон гирифтор шуд, таъсири халқчигии либералӣ афзуд.— халқчигии либералӣ зидди марксизм баромад (Н. К. Михайловский ва диг.). Солҳои 90 асри 19 Г. В. Плеханов, В. И. Ленин, марксистони рус халқчигиро аз ҷиҳати идеявӣ торумор кардаанд.