Jump to content

Хирман

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Хирман, харман — қитъаи тахту ҳамворест, ки барои кӯфтани зироати ғалладона (гандум, ҷав, ҷуворӣ, арзан, мош ва ғайра) сохтаанд. Пештар деҳқонон ҳосили галлаи ғундоштаашонро дар хирман бо ёрии гов, аспу хар мекуфтанд ва бод карда, донро аз коҳ ҷудо мекарданд.

Ҳоло хирманҳо бо мошину асбобҳои ғаллакӯбӣ ва ғайра таҷҳизонида шудаанд ва барои кӯфтани ғалла, зағир, юнучқа ва дигар зироати хоҷагии қишлоқ истифода мешаванд. Колхозу совхозҳое, ки 800—1000 га киштзор доранд, хирманҳои калон (дарозиашон 70— 80 м барашон 45—-60 м) месозанд. Хирманро барои ғаллахушконӣ низ истифода мебаранд.