Ходими шоистаи маданияти ҶШС Тоҷикистон
Ходими шоистаи маданияти ҶШС Тоҷикистон – унвони фахрӣ ки онро Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон аз 9 ноябри соли 1964 "Коркуни хизматнишондодаи маданияти ҶШС Тоҷикистон" таъсис кардааст.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Ин унвон ба коркунони хонаҳои маданият, клубҳо, боғҳо, осорхонаҳо, китобхонаҳо, хонаҳои эъчодиёти халқ, ҷамъияти «Дониш», кинотеатрҳо, нашриётҳо, полиграфия, савдои китоб, матбуот, кинематография, идораҳо оид ба филмпаҳнкунӣ ва идоракунии муассисаҳои маданият, радиошунавонӣ ва телевизион дода мешавад, ки дар ин идораҳо на камаш аз 15 сол кор карда дар соҳаи инкишофи маданият (фарҳанг) хидмати калон карда бошанд. Инчунин ин унвон ба иштироккунандагони беҳтарини ҳаваскорони санъат, ки дар кори муассисаҳои номбаршуда ва муассисаҳои маданият (фарҳанг) иштирок карда бошанд. Ба касоне, ки сазовори ин унвон мешаванд, нишони сарисинагӣ дода мешавад. Мувофиқи укази Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон (аз 6 январи соли 1989) бо ҷойи номи «Коркуни хизматнишондодаи маданияти ҶШС Тоҷикистон» ба «Ходими шоистаи маданияти ҶШС Тоҷикистон» иваз гардид.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик Ҷилди 2. – Душанбе, 2004, с.62.