Холид Эрганч
тур. Halit Ergenç | |
| |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Холид Эрганҷ |
Таърихи таваллуд: | 30 апрел 1970 (54 сол) |
Зодгоҳ: | Истанбул, Туркия |
Шаҳрвандӣ: | Туркия |
Касб: | ҳунарпеша |
Корнома: | 1996-то ҳол |
Самт: |
театр телевизион синамо |
IMDb: | ID 1669979 |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Холид Эрганҷ (тур. Halit Ergenç); тав. 30 апрели 1970, Истанбул, Туркия) — ҳунарпешаи театр, телевизион ва синамои турк.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Холид Эрганҷ 30 апрели соли 1970 дар Истанбул, дар оилаи ҳунарпеша Саид Эрганҷ таваллуд шудааст. Маълумоти миёнаро соли 1989 дар литсейи Отатурк ба итмом расонидааст. Холид ба Донишгоҳи техникии Истанбул дохил шуда[1] пас аз соли аввали таҳсил, ӯ ба Донишгоҳи Мимар Синан гузаштааст, илова бар таҳсил, ба ҳайси оператор ва фурӯшанда кор кардааст. Чанд муддат ӯ вокалист ва раққос буд ва бо овозхон Аҷда Пеккан ҳамкорӣ мекард[2].
Фаъолият
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1996, Холид ба театри Дормен пазируфта шуд ва дар он ҷо аввалин нақши асосии худро дар намоишномаи "Подшоҳ ва ман" ба даст овард. Вай дар силсилафилми "Фариштаи сиёҳ" дар телевизион намоишномаи хубе нишон дод. Эрганҷ дар театр бозӣ карданро идома дод, ӯ дар намоишномаҳои аз қабили The Adventures of ZAK-Kate, Tatlı Charity,Beni Seviyor,Kral ve Ben, Amphitrion, Evita, Hayalet ve Ötekiler,Şarkılar Susarsa нақш офаридааст. Пас аз кор дар силсилафилми телевизионии Köşe Kapmaca ва Böyle mi Olacaktı, ӯ ба Ню-Йорк рафт ва дар намоишномаи "Adventures of Zach" нақш бозид.
Соли 2000, Эрганҷ дар филмҳои Hiç Yoktan Aşk and Ölümün El Yazısı, силсилафилми Dedem, Gofret ve Ben ва Zerda нақши асосиро гирифт, ки дар он ҷо шарики ӯ Эҷе Услу буд. Холид инчунин дар намоишномаҳои театрӣ, ба мисли Bugün Git Yarın Gel, Popcorn, Arapsaçı бозӣ кардааст. Соли 2004 ӯ дар силсилафилми "Aliye" бо Санам Челик ва Наҷот Ишлер нақш гирифт.
Соли 2005 Эрганҷ дар драмаи "Падар ва писар" -и коргардон Чаған Ирмак нақш офарид. Соли 2006, ӯ яке аз нақшҳои асосиро дар филми "Net 2.0" ба даст овард. Аз соли 2006 Эрганҷ дар силсилафилми "Ҳазору як шаб" дар нақши Онур Аксал нақш бозидааст. Дар ин давра, ӯ инчунин дар филмҳо нақшҳо бозидааст: Devrim Arabaları ва Acı Aşk. Эрганҷ инчунин дар филми Dersimiz Atatürk нақши Мустафо Камол Отатуркро бозидааст. Соли 2011, ӯ дар силсилафилми "Асри мухташам" нақш гирифт ва дар он нақши Султон Сулаймонро иҷро кард.
Холид як раққоси бомаҳорат низ мебошад. Вай дар барномаи рақси калонсолони Туркия ширкат варзид.
Вай изҳор дошт, ки аз ҳамкорӣ бо коргардон Закӣ Дамиркубуз ва Фарзон Озпетек лаззат мебарад, аммо ӯ кор карданро бо коргардонҳои ҷавон ва боистеъдод Раҳо Эрдем ва Чаған Ирмак тарҷеҳ медиҳад.
Соли 2020 силсилафилми "Вавилон" -и Улуч Байрактар бо наъшофарии Холид ба намоиш баромад. Дар он ситораҳои синамои турк Бирҷа Акалай, Нур Фоттеҳоғлу, Масъуд Акуста, Озан Гювен ва Онур Сайлак низ нақш офаридаанд. Навор дар бораи марде нақл мекунад, ки ҳаёти худро байни ҳамсар ва маъшуқаи худ тақсим мекунад. Ӯ профессори иқтисодии донишгоҳи бонуфуз мебошад.
Ҳаёти шахсӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Холид бо ҳунарпеша Бергузар Корел соли 2009 издивоҷ кардааст, ки 9 феврали соли 2010 писараш Алӣ ва 8 марти соли 2020 писари дигараш Хон таваллуд шудаанд[3][4]. Бародари хурдиаш Мехмед Саид Эрганҷ, ки ба хотири номи падарашон номгузорӣ шудааст, низ ҳунарпеша аст.[5].
Филмнома
[вироиш | вироиши манбаъ]Филмҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Сол | Номгӯй | Нақш | Notes | Шарҳҳо | 2000 | Ölümün El Yazısı | ||
---|---|---|---|---|---|---|---|---|
2004 | Okul | |||||||
2005 | The Net 2.0 | |||||||
Babam ve Oğlum | Озкан | |||||||
2006 | Tramvay | Назир | ||||||
İlk Aşk | ||||||||
2008 | Devrim Arabaları | Муҳандис Уғур | Нақши асосӣ | |||||
Akşamdan Kalma | Меҳмед | |||||||
2009 | Acı Aşk | |||||||
2010 | Dersimiz: Atatürk | Отатурк | Нақши асосӣ | |||||
Misafir | ||||||||
Akşamdan Kalma 2 | Меҳмед | |||||||
2012 | Akşamdan Kalma 3 | Меҳмед | ||||||
2016 | Ali ve Nino | Фатали Хон Хойский | ||||||
2017 | İstanbul Kırmızısı | Орҳан Шоҳин | Нақши асосӣ[6] | |||||
2020 | Mesti Aşk | Баҳа ал-Дин Валад]] | Нақши дуюмдараҷа |
Силсилафилмҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Солҳо | Номгӯй | Нақшҳо | Шарҳҳо |
---|---|---|---|
1996 | Tatlı Kaçıklar | ||
1996 | Kara Melek | ||
1997 | Böyle mi Olacaktı | ||
1998 | Gurbetçiler | ||
2000 | Hiç Yoktan Aşk | ||
2001 | Dedem, Gofret ve Ben | ||
2002 | Kumsaldaki İzler | ||
Zeybek Ateşi | |||
Azad | |||
Zerda | Даврон | ||
2003 | Baba | ||
Esir Şehrin İnsanları | |||
2004 | Aliye | Синон Қарахон | Нақши асосӣ |
2006 | Binbir Gece | Онур Аксал | Нақши асосӣ |
2011–2014 | Асри муҳташам | Сулаймони I | Нақши асосӣ |
2016–2018 | Vatanım Sensin | Ҷевдет | Нақши асосӣ |
2020– | Babil | Ирфон Туна Сайгун | Нақши асосӣ |
2020 | Rise of Empires: Ottoman | Нақлкунанда | 6 қичм |
2020 | Menajerimi Ara | Худаш | Нақши меҳмонӣ |
Театр
[вироиш | вироиши манбаъ]- 2000 “Bugün Git Yarın Gel” / Ҳалдун Дормен
- 1998 “Popcorn” / Ҳалдун Дормен
- 1997 “Arapsaçı” / Ҳалдун Дормен
- 1996 “Sevgilime Göz Kulak Ol” / Ҳалдун Дормен
Мукофот ва ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Сол | Мукофот | Гурӯҳ | Лоиҳа | Натиҷа |
---|---|---|---|---|
2007 | 34.Altın Kelebek Ödülleri [7] | Беҳтарин ҳунарпеша | Binbir Gece | Баранда |
2009 | Sadri Alışık Sinema ve Tiyatro Ödülleri | Беҳтарин ҳунарпеша | Devrim Arabaları | Баранда |
2014 | 41.Magnum Altın Kelebek Ödülleri | Беҳтарин ҳунарпеша | Muhteşem Yüzyıl | Баранда |
2017 | 5.Bilkent Tv Ödülleri | Беҳтарин ҳунарпешаи драма | Vatanım Sensin | Баранда |
1.Müzikonair Ödülleri | Беҳтарин ҳунарпешаи силсилафилм | Номзад | ||
24.İTÜ EMÖS Başarı Ödülleri | Ҳунарпешаи муваффақи силсилафилми сол | Номзад | ||
11.GSÜ EN Ödülleri | Беҳтарин ҳунарпешаи филм ва силсилафилм | Баранда | ||
4.Mersin Altın Palmiye Ödülleri | Беҳтарин ҳунарпешаи телевизион | Номзад | ||
6.Fashion Tv Moda Ödülleri | Беҳтарин ҳунарпешаи муваффақи мард | Баранда |
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Turgut, Alper. Türkiye bir başarı öyküsüdür, Gerçek Gündem (10 ноябри 2008). Проверено 15 ноябри 2010.
- ↑ нусхаи бойгонӣ. 13 сентябри 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 июли 2020.
- ↑ Bergüzar Korel ve Halit Ergenç evlendi. (8 августи 2009). Бойгонӣ шудааст 29 май 2010 сол. Проверено 15 ноябри 2010.
- ↑ Bergüzar Korel ikinci kez anne oldu... İşte bebeğin adı! (9 March 2020). Проверено 9 марти 2020.
- ↑ https://www.imdb.com/name/nm11417275/?ref_=nv_sr_srsg_0
- ↑ İstanbul Kırmızısı için dev kadro (Turkish), NTV, ntv.com.tr (25 May 2016). Проверено 4 марти 2017.
- ↑ 34. ALTIN KELEBEK ÖDÜLLERİ DÜN GECE SAHİPLERİNİ BULDU!.. PAZAR KEYFİ’NİN EN İYİ MAGAZİN PROGRAMI SEÇİLDİĞİ TÖRENDE KİM, HANGİ ÖDÜLÜ ALDI?. 13 сентябри 2020 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 11 октябри 2018.