Jump to content

Ню-Йорк

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ню-Йорк
англ. New-York
Тибқи ақрабаки соат, аз боло: Мидтауни Манхэттен, Таймс-сквер, Унисфера дар Куинс, Пули Бруклин, Манхэттени Поёнӣ ва Маркази савдои умумиҷаҳонӣ 1, Боғи марказӣ, Қароргоҳи штаби СММ ва Пайкараи Озодӣ.
Тибқи ақрабаки соат, аз боло: Мидтауни Манхэттен, Таймс-сквер, Унисфера дар Куинс, Пули Бруклин, Манхэттени Поёнӣ ва Маркази савдои умумиҷаҳонӣ 1, Боғи марказӣ, Қароргоҳи штаби СММ ва Пайкараи Озодӣ.
Тибқи ақрабаки соат, аз боло: Мидтауни Манхэттен, Таймс-сквер, Унисфера дар Куинс, Пули Бруклин, Манхэттени Поёнӣ ва Маркази савдои умумиҷаҳонӣ 1, Боғи марказӣ, Қароргоҳи штаби СММ ва Пайкараи Озодӣ.
Парчам Нишон
Парчам Нишон
Кишвар ИМА
Роҳбар Eric Adams[d][5]
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 1624[1] ва 1626[2]
Масоҳат
Баландӣ
25 м[6]
Вақти минтақавӣ EDT[d], UTC−05:00[d] ва UTC−04:00[d]
Аҳолӣ
Аҳолӣ
Шиносаҳои ададӣ
Коди телефон 212, 347, 646, 718, 917 ва 929
Нишонаи почта 10000–10499, 11004–11005, 11100–11499 ва 11600–11699
Коди мошинҳо NY
Вебгоҳи расмӣ(англ.)
Ню-Йорк дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор

Ню-Йо́рк (англ. New York City, МФА: New York , [nuː ˈjɔɹk ˈsɪti] или [njuː ˈjɔːk ˈsɪti]) — шаҳри калонтарини ИМА[7][8], ки ба яке аз калонтарин агломератсияҳои ҷаҳонӣ дохил мешавад[9][10][11]. Аҳолии шаҳр 8 405 837 нафар мебошад[12], агломератсияҳо — 20,63 млн (дар соли 2015). Ню-Йорк дар соҳили Уқёнуси Атлантик дар ҷанубу-шарқи иёлати Ню-Йорк. Шаҳр дар аввали асри XVII аз тарафи колонистҳои ҳолландӣ таъсис шуда буд ва то соли 1664 Амстердами Нав ном дошт[13].

Ню-Йорк шомили 5 ҳавзаи маъмурӣ (ноҳияҳо, боро) аст: Бронкс, Бруклин, Куинс, Манхэттен ва Статен-Айленд. Ҷойҳои тамошобоб асосан дар борои Манхэттен ҷойгиранд. Дар байни онҳо: бурҷҳои таърихӣ (Эмпайр-стейт-билдинг, Крайслер-билдинг), Маркази Рокфеллер, Вулворт-билдинг, Метрополитен-музей-и санъатӣ, Метрополитен-опера, Карнеги-холл, Осорхонаи Соломон Гуггенҳейм (наққошӣ), Осорхонаи амрикоии таърихи табиӣ (скелети динозаврҳо ва планетарияҳо), меҳмононхонаи «Плаза», меҳмонхонаи «Уолдорф-Астория», меҳмонхонаи «Челси», штаб-квартираи СММ, Гарлем.

Ню-Йорк — маркази муҳими ҷаҳонии молиявӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ[14].

Мақолаи асосӣ: Таърихи Ню-Йорк
Амстердами Нав дар соли 1664
Мубориза барои Лонг-Айленд, бузургтарин даргирӣ дар вақти Инқилоби Амрикоӣ

Дар ҳудуде, ки ҳозира Ню-Йорк ҷойгир аст, то пайдоиши дар инҷо аврупоиҳо миллатҳои бумииtgru Манахаттоу ва Канарси мезистанд. Инро кофтукобҳои археологӣ дар минтақаҳои шаҳр, ки биноҳо бунёд нашудаанд, мисол дар Инвуд-Хилл-парк ва Риверсайд-паркtgru, тасдиқ менамоянд. Ақалиятҳои аврупоӣ дар инҷо дар соли 1624 пайдо шудаанд. Дар соли 1625 дар қисми ҷанубиtgru Манхэттен маҳаллаи аҳолинишини ҳолландии Амстердами Нав (ҳол. Nieuw Amsterdam) таъсис дода шуд. Соли 1664 шаҳрро англисҳо забт карданд, ки бо мухолифат аз тарафи губернатор Стёйвесантtgru рӯбарӯ нашудаанд, ва баъдан шаҳрро ба Ню-Йорк (англ. Йорки Нав) ба хотири забткунанда — герсог Йоркӣtgru, номгузорӣ карданд. Тибқи натиҷаи Ҷанги дуюми Англияву Ҳолландtgru дар соли 1967 ҳолландиҳо расман Ню-Йоркро бар ивази мустамликаи Суринам ба англисҳо доданд.

Дар аввали Ҷанг барои истиқлолtgru ҳудуди ҳозираи шаҳр макони муборизаҳои муҳим буд. Дар натиҷаи Ҷанги назди Бруклин дар Ню-Йорк оташсузии бузургtgru шуд, ки дар он қисми зиёди шаҳр ба коми оташ рафт. Ню-Йорк ба дасти Британияи Кабир гузашт, то даме ки амрикоиҳо онро дар соли 1783 бозпас гирифтанд. Ин рӯз, чун рӯзи «Рӯзи таҳвил (Ню-Йорк)», дар Ню-Йорк боз чанд сол ҷашн гирифта мешуд.

Бродвей, тақр. соли 1840

Дар давоми асри XIX аҳолии шаҳр бо ҳиҷрати зиёди муҳоҷирон зиёд мешуд. Дар соли 1811 нақшаи генералии рушди шаҳр ба тартиб оварда шуд, ки тибқи он кӯчаҳо васеъ гардиданд, ва ҳудуди кунунии Манхэттенро ишғол карданд. Дар соли 1835 Ню-Йорк аз рӯи аҳолӣ Филаделфияро гузашт ва бо чунин тарз шаҳри сераҳолитарини ИМА гардид.

Пайвандҳои берунӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]
  1. 1.0 1.1 1.2 https://www.history.com/topics/us-states/new-york
  2. 2.0 2.1 2.2 Deutsche Nationalbibliothek Record #4042011-5 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.
  3. 3.0 3.1 3.2 United States. Bureau of the Census 2010 U.S. Gazetteer Files (ингл.)Washington, D.C.: U.S. Census Bureau, 2010.
  4. 4.0 4.1 4.2 Перепись населения США 2020 года / зери таҳрири Бюрои барӯйхатгирии аҳолии ИМА
  5. https://www.nyc.gov/office-of-the-mayor/index.page
  6. https://it-ch.topographic-map.com/map-7krdn/New-York/?zoom=19&popup=40.71275%2C-74.00593
  7. Annual Estimates of the Resident Population for Incorporated Places Over 50,000, Ranked by July 1, 2011 Population: April 1, 2010 to July 1, 2011(пайванди дастнорас — таърих). U.S. Census Bureau. 17 феврали 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 май 2013.
  8. Blake Ellis. America's 5 biggest cities(пайванди дастнорас — таърих). CNN (25 марти 2011). 17 феврали 2013 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 май 2013.
  9. World's Largest Urban Areas [Ranked by Urban Area Population](пайванди дастнорас — таърих). Rhett Butler (2003–2006). 26 апрели 2011 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 май 2013.
  10. Largest Cities of the World – (by metro population)(пайванди дастнорас — таърих). Woolwine-Moen Group d/b/a Graphic Maps. 26 апрели 2011 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 май 2013.
  11. Largest Urban Areas in the World: 2008 All Urban Areas 2,000,000 & Over(пайванди дастнорас — таърих). Wendell Cox Consultancy. 26 апрели 2011 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 26 май 2013.
  12. Хатои ёдкард: Барчасби <ref> ғайримиҷоз; матне барои ёдкардҳо бо номи census-est-nyc-ny ворид нашудааст
  13. Нью-Йорк (город в ИМА) // Большая советская энциклопедия : [в 30 т.] / гл. ред. А. М. Прохоров. — 3-е изд. — М. : Советская энциклопедия, 1969—1978.
  14. Davies, Catriona Revealed: Cities that rule the world – and those on the rise. CNN (10 апрели 2010). 11 апрели 2010 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 4 июни 2011.
⚙️ 50 Шаҳрҳои калонтарини Иёлоти Муттаҳида аз рӯи аҳолӣ
Ню Йорк Сити • Лос Анҷелес • Чикаго • Хюстон • Филаделфия • Фоеникс • Сан Антонио • Сан Диего • Даллас • Сан Хосе • Детройт • Индианаполис • Ҷексонвил • Сан Франсиско • Колумбус • Луизвил • Остин • Мемфис • Балтимор • Форт Уорз • Чарлоте • Эл Пасо • Милуаки • Нашвил • Сиэтл • Бостон • Денвер • Вашингтон • Лас Вегас • Портланд • Оклаҳома Сити • Туксон • Албукерк • Лонг Бич • Атланта • Фресно • Сакраменто • Ню Орлеанс • Кливленд • Канзас Сити • Меса • Вирҷиниа Бич • Омаҳа • Окланд • Тулса • Майами • Ҳонолулу • Миннеаполис • Колорадо Спрингс • Арлингтон