Ҷаҳиш ба мӯҳтаво

Холназар Муҳаббатов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Холназар Муҳаббатов

Муҳаббатов Холназар (тав. 25 июни 1945, деҳаи Шули ноҳия Ғарм) — иқтисоддон ва географи тоҷик, доктори илмҳои география (1999), профессор (2005)[1], аъзои Иттифоқи журналистони ИҶШС (1985), аъзои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1995).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Баъди хатми Донишкадаи давлатии педагогии Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ;1966), фаъолияти худро дар Шурои тадқиқоти қувваҳои истеҳсолии (СОПС) Академияи илмҳои Тоҷикистон ба ҳайси корманди хурди илмӣ шуруъ кард (1996–70). Баъдан аспиранти Академияи  илмҳо (1970–73), ходими хурди илмӣ (1974–77), ходими калони илмӣ (1977–79), мудири шуъбаи захираҳои табиии СОПС-и АИ (1979–89), Раиси Иттифоқҳои касабаи АИ Тоҷикистон (1989–91), Мудири шуъбаи география ва экологияи АИ Тоҷикистон (1991–95), докторанти Институти географияи АИ Руссия (1997–2000), мудири шуъбаи институти геология АИТ (2000–2002) ва мудири шуъбаи иқтисодиёти минтақавии Институти тадқиқотии назди Вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон (2002–2009) буд. Соли 2009 ба вазифаи мудири кафедраи туризм ва методикаи таълими географияи Д-гоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон интихоб мешавад. Соли 2011 бо ташаббуси бевоситаи Муҳаббатов Холназар дар назди Раёсати АИ Тоҷикистон Шуъбаи география ташкил ёфт, ки мавсуф то соли 2018 сарварии онро ба уҳда дошт. Фаъолияти омӯзогории Муҳаббатов Холназар аз соли 1976 ҳамчун муаллими ҳамкор дар кафедраи географияи иқтисодии ДДТ ба номи В. И. Ленин сар шудааст. Дар  ин давра бо М. Н. Нурназаров бори аввал китоби дарсии «География»-ро (1984) барои донишҷӯёни мактабҳои олӣ нашр намуданд. Соли 1991 дар озмуни ҷумҳуриявӣ китоби дарсии «Географияи Тоҷикистон» (ба забони русӣ, барои синфҳои 7–8) бо ҳаммуалифии М. Н. Нурназаров иштирок намуда, ғолиб гардиданд. Китоби мазкур ба забони тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва қирғизӣ тарҷума гардид. Баъди ҳимояи рисолаи докторӣ дар Институти география АИ Руссия (1999) китоби «Ресурсы горного Таджикистана» дар Маскав ва китоби дигари вай бо номи «Таджикистан» дар Париж бо забони англисӣ ба табъ расид.

Фаъолияти илмӣ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллифи 15 асар, зиёда аз 250 мақолаи илмӣ ва илмию оммавӣ, ҳаммуаллифи 5 китоби дарсӣ, муҳаррири масъули 8 китоби илмӣ, дарсӣ ва илмию методӣ мебошад[2]. Оид ба масъалаи истихроҷи манбаъҳои муҳими ашёҳои минералӣ, ҷангал, обу гидроэнергетика, захираҳои табиии кӯҳистони Тоҷикистон аз нигоҳи иқтисодӣ-географӣ корҳои илмӣ бурда, роҳҳои самаранок истифода бурдани сарватҳои табииро бо назардошти ҳифзи муҳити зист нишон додааст. Дар давоми фаъолияти корияш дар тартиб додани Атласи ҶШС Тоҷикистон иштирок намудааст. Дар тадқиқ ва тартиб додани «Нақшаи ҷойгиронии қувваҳои истеҳсолии Тоҷикистон барои солҳои 1971—1980» ва «Нақшаи комплекси территориявӣ-истеҳсолии Тоҷикистони Ҷанубӣ» саҳми худро гузоштааст. Дар ҳамкорӣ бо кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати ҳифзи муҳити зист, Сарраёсати «Тоҷикгеология» ва дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ дар таҳияи «Барномаи давлатии комплекси прогресси илмӣ-техникии Тоҷикистон барои солҳои 1986—2000» ва «Барномаи рушди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи то соли 2015» ширкат варзидааст. Дар 26 симпозиуму конференсияҳои илмӣ ва илмию амалии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ дар шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург, Киев, Минск, Амстердам, Деҳлӣ, Вашингтон, Анқара, Теҳрон, Урумчӣ ва ғайра маърӯза ва гузоришҳо намудааст. Ӯ аъзои раёсати Ассотсиатсияи Байналмилалии Академияи илмҳо (МААН) ва иштирокчии лоиҳаҳои зиёди байналхалқӣ, аз ҷумла Лоиҳаи байналхалқии ҳавзаи баҳри Арал(GEFWB) мебошад. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон», ифтихорномаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комитети иттифоқҳои касабаи коркунони илму маорифи ИҶШС сарфароз шудааст.

  • Афзоиши аҳолӣ ва захираҳои табиӣ, Д,1975;
  • Минерально-сырьевые ресурсы Таджикистана (бо ҳаммуаллифӣ), Д.,1982;
  • География (китоби дарсӣ, бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1984;
  • Эффективность использования строительного сыря Таджикистана, Д., 1984;
  • Инсон ва табиат, Д.,1984;
  • Минерально-сырьевые ресурсы Памира (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 1985;
  • Ганҷинаи табиати Тоҷикистон, Д., 1987; Табиату сарвати кӯҳсор, Д.,1990;
  • Таджикистан. Справочник, Д., 1996;
  • Природно-ресурсный потенциал горных регионов Таджикистана, М., 1999;
  • Tajikistan,Paris, 1999;
  • Ҷуғрофияи Тоҷикистон (китоби дарсӣ, бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2000;
  • Таджикистан основной источник пресной воды Центральной Азии, Д., 2003;
  • Об манбаи ҳаёт, Д., 2003; Термальные воды Таджикистана, Д., 2003;
  • Памир: ресурсный потенциал и перспективы развития экономики, Д., 2005;
  • Географияи иқтисодӣ ва сотсиалии ҷаҳон (китоби дарсӣ, бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2006;
  • Таджикистан. Справочник, Д., 2006;
  • Географияи Тоҷикистон, Д., 2009.
  1. Параметрро муайян кардан зарур аст title= дар шаблони {{cite web}}. .
  2. Китобҳои Холназар Муҳаббатов (ru-RU). Китобхонаи электронӣ. 22 сентябри 2025 санҷида шуд.