Худбоварӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Худбоварӣ (форсӣ: خودباوری‎), ё эътимод ба нафс (форсӣ: اعتماد به نفس‎) — яке аз шартҳои равонӣ аст, ки шахс дар он ба хотири таҷрибаҳои қаблӣ, ба тавоноиҳову истеъдодҳои худ дар муваффақияти анҷоми корҳо ба таври муваффақиятомез эътимоду бовар дорад.

Хусусияти доро будани эътимод ба хештан, нақши ҳаётӣ дар тавсеъа ва пешрафту муваффақиятҳои як фард ифо мекунад. Пажӯҳишгарон дарёфтанд ки бархилофи он чи тасаввур мешавад, худбоварии кӯдакон то синни панҷсолагӣ ба таври комил шакл мегирад. Муҳаққиқон амрикоӣ мегӯянд кӯдакон замоне, ки панҷсола мешаванд, аз эҳсоси худбоварӣ бархӯрдор ҳастанд, ки ба лиҳози такомул бо бузургсолон қобили муқоиса аст. То кунун гумон мерафт, ки кӯдакон то пеш аз расидан ба синне, ки ба дабистон бираванд, камсинну сол ҳастанду наметавонанд эҳсоси манфӣ ё мусбат нисбат ба худ дошта бошанд.

Эзоҳ[вироиш]