Худододагӣ Бобиев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Худододагӣ Бобиев

Худододагӣ Бобиев (тав. 1935, Душанбе — 1992, Душанбе), файласуфи тоҷик, номзади илмҳои фалсафа (1975).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1965 факултети таъриху филологияи тоҷики Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро хатм кардааст. Солҳои 1966–1969 аспиранти донишкадаи номбурда буд. Солҳои 1970–1975 дар кафедраи фалсафаи Донишкадаи давлатии тиббии Душанбе ба номи Абӯали ибни Сино кор кардааст. Солҳои 1976–1992 дотсенти кафедраи марксизм-ленинизми Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Қ. Ҷӯраев буд. Муаллифи зиёда аз 30 асару мақолаҳои илмӣ мебошад, ки дар онҳо масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи маданӣ- техникии деҳқонон, қонуниятҳои сохтмони коммунизм мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

Инкишофи ҳаматарафаи гармоникии сохтмони ҷамъияти коммунистӣ, Д., 1985; Меҳнати коркунони комплекси агросаноатӣ дар замони ҳозира, Д., 1989; Омили инсонӣ: мафҳум, моҳият ва роҳҳои фаъолгардонии он, Д., 1990

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]