Jump to content

Ҳулбук

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Хулбук)
Қасри ҳокимони Хулбук
Hulbuk Fort in Pingan, Tajikistan
Намои умумии Ҳулбук

Димнаи (Қасри ҳокимони) Хулбук - дар масофаи 7 км дуртар аз самти шимолу ғарбии маркази ноҳияи Восеъ (деҳаи Қурбоншаҳид) ҷойгир аст. Қасри ҳокимони Хулбук ба Мамнӯъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Хулбук, ки дар ноҳияи Восеъ воқеъ аст, дохил мешавад.

Решашиносии ном

[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз дидгоҳи этимологӣ, Ҳулбук шояд аз пораҳои эронии куҳани *hwar-+baga- ба маънии «Худо-Офтоб, Хур» ё Хур/Офтоби худо (яъне Худованди Офтоб бошад), ки ҳосилаи решаи ҳиндуаврупоии *sͦer-ва иронии куҳани baga-мебошад.

Ҳулбук шояд аз вожаи юнонии ὓλη / ὓλα (овонавишт-шон ҳула-/ҳула) бошад ва ҷузъи номаълумаш бака/-бука. Дар самти ҷанубӣ-ғарбии Сарматияи аврупоӣ (булукоти хеле маъмулу машҳури скифӣ/сакӣ дар замони бостон) шаҳраке ба номи Ὑλάιη (Ҳулаио) (дар русӣ Гилея) мавҷуд аст, ки миёни Борисфен (дар талаффузи русӣ) / Бористҳону Ҳипакар воқеъ мебошад. Борисфен сарзамини сирф скифӣ/сакӣ/сарматӣ буд.

Ҳула — ὓλη / ὓλα — маънии «беша, дарахтони фаровони беша, бешаи дарахтони буттагӣ (дарахтҳо)»-ро дорад. Ҳулбук дар чунин мавзеъ қарор дорад. Ҳарчанд «бука» ҷузъи номаълум буда, ба таҳқиқи бештаре ниёз дорад, аммо бояд дар назар дошт, ки бо ҷузъи «бук» топонимҳои дигар дар атрофи Ҳулбук мавҷуд аст: Шобика, Осмонбика ва ғайра.[1]

Қасри ҳокимони Хулбук таърихан ба аcрҳои IX – XI мансуб аст.

Димна тарҳи секунҷамонандро дошта, қаблан масоҳати он 70 га ташкил мекард. Хулбук танҳо дар масоҳати 16 гектар боқӣ мондааст. Димна, ки дар гузашта бо девор иҳота шуда буд, аз самти шимолу ғарб даромадгоҳи сарнишебе дошт. Арки он дуқабата буда пурра маҳфуз мондааст.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллифони асарҳои таърихӣ ва ҷуғрофӣ, аз ҷумла, Истахрӣ, Муқаддасӣ, Яъқубӣ, Хурдодбеҳ, Берунӣ ва асари «Ҳудуд-ул-олам» дар қатори шаҳрҳои калонтарини мулки Хутталон, ба монанди Мунк (Ховалинг), Тамлиёт (Тутқавули куҳна), Паргар (Фархор), Корбанҷ, Андиҷарак, Рустоқбек ва Сикандара, пеш аз ҳама, аз Ҳулбук ёд карда, шаҳри бузургу обод будани онро зикр намудаанд. Гузашта аз ин, сарчашмаҳои мазкур «ҷойи муқимӣ» — и шоҳони ин мулкро Ҳулбук донистаанд.

Маълумоти қадимтарин дар бораи Ҳулбук ҳамчунин дар адабиёти атиқа дучор меояд. Дар байни номҳои ҷуғрофӣ, ки таърихнигори юнонӣ Птолемей овардааст, номи шаҳри Хулбисса мавҷуд мебошад. А.М. Беленитский ва олимони дигар бо асоси комил онро пойтахти Хуттал – шаҳри Ҳулбук мешуморанд, зеро дар сарчашмаҳои мусулмонии асримиёнагӣ дар баробари мафҳуми Ҳулбук номи Хулбик низ дучор меояд, ки ба ҳамон Хулбиссаи юнонӣ наздик аст.

Дар бораи мавқеи ҷойгиршавии шаҳрҳои зикршуда таълифоти мазкур чунин зикр кардаанд:

«Тамоми Хуттал бо кӯҳҳо иҳота гардидааст, ҳамаи шаҳрҳо, ба ҷуз аз Ҳулбук ва Сикандара дар водиҳо ҷойгиранд».

Ҳарчанд мавқеи ҷойгиршавии Ҳулбук ва шаҳрҳои азбайнрафтаи Хуттал мавзӯи баҳсу мунозираҳои илмӣ аст, аммо бештари муҳаққиқон, аз ҷумла, М. А. Варигин, А.П. Колпаков ва А.Е. Маҷӣ – онро дар ҳудуди деҳаи Қурбоншаҳид ва деҳоти атрофи он то маркази ноҳияи Восеъ муайян кардаанд. Аз ин лиҳоз иваз намудани номи шаҳраки Восеи ноҳияи Восеъ ба Ҳулбук ба ҳақиқати таърихӣ ва ҷуғрофӣ мувофиқ буда, омили арҷгузорӣ ба ин макони таърихӣ мебошад. Дар бораи Ҳулбук донишманди шинохта Эркиной Ғуломова низ корҳои зиёди бостоншиносӣ ба анҷом расонида, якчанд мақолаҳои пурарзишро доир ба таърихи ин макони ҷуғрофӣ интишор намуда буд, ки онҳо барои муаррифии Ҳулбук аҳамияти беандоза доранд. Дигар донишмандони ватанӣ ва хориҷӣ низ доир ба Ҳулбук таҳқиқот ба анҷом расонида, аз сарчашмаҳои таърихии зиёд ёдоварӣ кардаанд, ки оид ба ташаккул ва инкишофи ин макони ҷуғрофӣ маълумоти муфид медиҳанд.[1]

Бозгашти номи Ҳулбук

[вироиш | вироиши манбаъ]

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2018 оид ба иваз намудани номи шаҳри Қӯрғонтеппа ва якчанд шаҳру маҳалҳои маъмурии вилояти Хатлон..., номи шаҳраки Восеъи ноҳияи Восеъ ба шаҳраки Ҳулбук иваз карда шуд. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуд.[2]

  1. 1.0 1.1 Шарҳи тағйири номҳои баъзе мавзеъҳои ҷуғрофии мамлакат/Дар бораи Ҳулбук. 30 Январ 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 27 сентябри 2019.
  2. МИНБАЪД ҚӮРҒОНТЕППА БОХТАР, САРБАНД – ЛЕВАКАНТ, БОХТАР – КӮШОНИЁН НОМ БУРДА МЕШАВАНД. Ивази номҳои як қатор шаҳрҳо, ноҳия ва деҳаҳои вилояти Хатлон. 30 Январ 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 12 августи 2022.