Хуттал

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Хуттал - мулкест дар водии байни дарёи Вахш ва Панҷ бо шаҳрҳои бостонии Хулбук ва Мунк. Дар асри IX ба ҳайати Хуттал мулкҳои Қубодиён, Вашгирд ва Вахш тобеъ буданд.

Яке аз мулкҳои пуриқтидори Тахористон-Хуттал, яъне Хатлон буд. Дар Хатлон асрҳои VII-VIII намояндагони ашрофони маҳаллӣ ҳукмронӣ мекарданд. Номи яке аз шоҳон, ба ризояти Табарӣ, Ассабол будааст, ки шояд номи туркӣ бошад. Он дар сарчашмаҳои хитоӣ дар шакли Шаболо омадааст. Аз маълумоти маъхазҳои таърихӣ бармеояд, ки волии Хатлон то 50 ҳазор лашкар доштааст. Чунин миқдори лашкарро ҳокимони Шумон, Қубодиён, Шуғнону Вахон низ доштаанд.[1]


Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011, – с. 71.

Портал:Таърих