Хумулӣ
Зоҳир
Таърихи таваллуд: | 1776 |
---|---|
Таърихи даргузашт: | 1849 |
Навъи фаъолият: | олим |
Хумулӣ (1776, Ургут — 1849, Сaмарқанд) — таърихнигор ва адиби зуллисонайни форс-тоҷик.
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Номи пуррааш Мулло Ҷумъақул ибни Сӯфитағои Ургутӣ. Xумулӣ аз худ мероси бой боқӣ гузоштааст: «Таърихи Хумулӣ» (номи дигараш «Тарҷумаи ҳоли Қозӣ Ҷумъақули Хумулӣ»; таълифаш 1836—1837), «Манзумоти таърихия», «Шоҳ ва гадо» (достон). Дар «Таърихи Хумулӣ» андар тарҷумаи ҳоли муаллиф, баъзе дарвешу шайхони машҳур, таърихи сулолаи Мағтития ва ғайра сухан меравад. Дар «Манзумоти таърихӣ» воқеоти соли 1840-ро ба риштаи назм кашидааст. Мероси Xомулӣ то имрӯз маҳфуз монда, барои равшан намудани баъзе масъалаҳои таърихӣ, адабӣ ва мадании қарни 19 кумак мерасонад. Хумулӣ баъзе асарҳояшро ба забони узбекӣ навиштааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Хумулӣ / У. Назиров // Муҳит — Плеханов. — Д. : СИЭСТ, 1984. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 5).