Хушназар Майбалиев
Хушназар (Хушвақтшо) Майбалиев (20 апрели 1938, деҳаи Дарзуд, ноҳияи Рӯшон, ВМКБ — 31 декабри 2011, Душанбе) — коргардони театр ва ҳунарпешаи синамо, Ходими шоистаи ҳунари ҶШС Тоҷикистон (1988), Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон (1996). Барандаи Ҷоизаи давлатии Рӯдакӣ (2000).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1964 шӯъбаи коргардонии Институти давлатии маданияти ш. Маскав ва 1969 факултаи коргардонии Институти давлатии санъати театрии ба номи А. Луначарскйи ш. Маскавро ба охир расондааст. Фаъолияти меҳнатиаш соли 1956 дар ҳайати ансамбли тарона ва рақси «Помир»-и Филармонияи давлатии Тоҷикистон шурӯъ шуда, то пошхӯрии ин даста (1961) идома ёфтааст. Аз соли 1969 то поёни умр дар Театри давлатии академӣ- драмавии ба номи Лоҳутӣ ба сифати коргардон ва саркоргардон фаъолият доштааст. Муддате ба сифати сардори раёсати фарҳанги Вазорати фарҳанги Тоҷикистон кор кардааст.
Зиёда аз панҷоҳ спектаклро аз қабили «Дасти дӯст», «Захми забон», «Фарёди ишқ», «Беватан», «Ибтидо», «Машварат», «Писари калонӣ», «Ваня-тағо», «Антигона», «Муфаттиш», «Дод аз дасти ақл» рӯи саҳна оварда, дар беҳбуд ва равнақи санъати театри тоҷик ҳисса гузоштааст. Дар ҳар таҳия як тарафи тозаи маҳораташ кушода мегардид. Бозёфтҳои пайвастаи эҷодӣ имконаш доданд, ки ба таҳияи шоҳасарҳои классикони драматургияи ҷаҳонӣ ва ватанӣ даст занад. Дар ҷодаи коргардонӣ аз василаҳои гуногун истифода бурда, барои ноил шудан ба мақсади ниҳоӣ ҳеҷ гоҳ тан ба фароғат намедод. Бо дигар театрҳои касбии ҷумҳурӣ ҳамеша дар робитаи эҷодӣ қарор дошт ва донишу таҷрибаашро ба ҷавонони навкор ёд медод[1].
Даргузашт
[вироиш | вироиши манбаъ]Хушназар Майбалиев 31 декабри соли 2011 бар асари сактаи қалбӣ дар синни 73-солагӣ даргузашт[2].
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
- ↑ Дар сӯги Хушназар Майбалиев, коргардони маъруфи теотр(тоҷ.). www.bbc.com. BBC Tajik/Persian (31 Декабри 2011). 18 Январ 2024 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Абдураҳмонов А. Фидоии фарҳангу ҳунар, Д., 2008.