Jump to content

Хушнуд Муҳаббатов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Муҳаббатов Хушнуд Қурбонович ( тав. 17.11.1971, ноҳияи Ҳамадонӣ), физик, номзади илмҳои техникӣ (2006), дотсент (2008).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Солҳои 1989–1994 дар факултети физикаи Донишгоҳи давлатии ш. Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав таҳсил кардааст. Солҳои 1990–1994 лаборант, 1994–1995 лаборанти калон, 1995–1997 ассистент, 1997–1998 муаллими калони кафедраи физикаи умумии донишгоҳи номбурда, 1999– 2001 аспиранти шуъбаи рӯзона, 2002–2004 муаллими калони кафедраи физикаи назариявӣ ва кафедраи физикаи экперименталӣ, 2004–2005 муовини декани факултети физика оид ба тарбия, 2005–2006 муаллими калони кафедраи физикаи эксперименталӣ, 2007–2008 муаллими калони кафедраи физикаи назариявӣ ва эксперименталии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, 2008 сармутахассиси шуъбаи аттестатсия, аккредитатсия ва иҷозатномадиҳии муассисаҳои олӣ ва баъдидипломии Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2008–2009 мудир ва дотсенти кафедраи физикаи назариявӣ ва эксперименталии донишгоҳи омӯзгорӣ буд. Аз соли 2009 декани факултети физика ва дотсенти кафедраи физикаи назариявӣ ва эксперименталии донишгоҳи омӯзгорӣ аст. Оид ба хосиятҳои гармофизикии маъданҳои ба гармо тобовар кори илмӣ бурдааст. Муаллифи якчанд корҳои илмӣ ва илмию методӣ мебошад.