Чашмпизишкӣ

Чашмпизишкӣ, офталмология (калимаи юнонӣ: ὀφθαλμός «чашм» + λόγος «таълимот, илм») — яке аз соҳаҳои тиб, ки ба омӯзиши чашм, анатомия, физиология, бемориҳои он ва таҳияи усулҳои табобат ва пешгирии бемориҳои чашмро дар бар мегирад.
Таърихи чашмпизишкӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Корнелий Селс (асри I пеш аз мелод) мавҷуд будани айрис, ҷисми силиарӣ, камераҳои пеш ва пушти чашмҳоро исбот кардааст. Табибони араб и бо ба низом даровардани дониши тамаддунҳои қадим ва истифодаи амалии онҳо саҳми худро дар соҳаи чашмпизишкӣ гузоштаанд. Ибни ал Хайсам (Алхазен, асрҳои X—XI мелодӣ) «Китоб дар бораи оптика»-ро навиштааст, ки асосан ба айнак ихтироъ намудан ва ба вуҷуд омадани назарияи муосир дар Аврупо мусоидат намуд. Дар асари машҳури Абуалӣ ибни Сино (асрҳои Х-ХI) «Ал-қонун фи-т-тиб» як роҳнамои асосӣ оид ба бемориҳои чашм дар олами араб буд, ва дар Аврупо, беш аз 500 сол. Абу Қосим Халаф ибни Аббос ал-Захрави (асри X) — ҷарроҳи машҳур ва асосгузори чашмпизишкии (офталмология) амалӣ. Боз олимони зиёде ҳастанд, ки ба рушду инкишофи чашмпизишкӣ саҳми худро гузоштаанд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Сорокина Т. С., История медицины, Академия, Academia; Москва; 2008