Jump to content

Чашоӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Чашоӣ, зоиқа, маза, таъм — яке аз ҳиссҳои панҷгона.

Таъм чаҳор навъ мешавад: турш, шӯр, ширин ва талх. Ҳама гуна таъмҳои дигар дар натиҷаи омезиши ин чаҳор маза пайдо мешаванд. Таъм дар қисмҳои гуногуни забон эҳсос мегардад, мас., нӯги забон — таъми ширин, нӯг ва канорҳои он — таъми шӯр, канорҳо — таъми турш, бехи забон — таъми талх. Эҳсоси таъм дар натиҷаи аксуламалҳои махсуси химиявӣ, ки бинобар таъсири мутақобили моддаҳои мазкур бо ретсепторҳои зоиқа ба вуҷуд меоянд, пайдо мешавад. Тахмин мекунанд, ки ҳар як ретсептор сафедаҳои ниҳоят ҳассос дорад ва онҳо ҳангоми таъсири таъмҳои гуногун сохтори худро тағйир медиҳанд. Ангезиш аз ретсепторҳои зоиқа ба силсилаи асаби марказӣ тавассути торҳои асабҳои забону балъум ва таблӣ интиқол меёбад; онҳо аз ретсепторҳои гуногуни забон манша гирифта, ба мағзи дарозрӯя мераванд, сипас аз ташкилаи тӯрмонанд ва таламус гузашта, ба қишри нимкураҳои калон мепайванданд. Маҷмӯи ретсепторҳои зоиқа, роҳҳои интиқоли ангезиш ва унсурҳои қишрии ҳисси таъм анализатори зоиқаро ба вуҷуд меорад. зоиқа вобаста ба синну сол ё дар мавриди баъзе бемориҳо тағйир меёбад.

Зоиқа бинобар осеби ретсепторҳои марбута, роҳи интиқол ё маркази асабҳое, ки фаъолияти онро идора мекунанд, халалдор мешавад. Ноҷӯриҳои мазкур бинобар бо ҳалолати ғафс пӯшида шудан ё захму илтиҳоб пайдо кардани забон, зарар дидани асабҳои забону балъум, сетора, гумроҳ ва рӯй, омоси майна, осеби косахонаи сар, бемории шуоъӣ падид меоянд. Ба носомониҳои зоиқа ҳисси барзиёд (гипергевзия) ё баръакс, сусти таъм (гипогевзия) ва ё тамоман эҳсос накардани он (агевзия) мансубанд. Ҳангоми дисгевзия (таҳрифи маза) беморон ба истеъмоли оҳак ва гил барин моддаҳо, ки барои одамони солим нафратовар аст, хоҳиш пайдо мекунанд. Дар мавриди парагевзия эҳсоси карахт шудану сих задани забон пайдо мешавад, ки ба ангезаҳои берунӣ вобастагӣ надоранд; онҳо мумкин аст бинобар худталқин низ ба вуҷуд оянд. Таваҳҳумоти зоиқавӣ дар беморони рӯҳӣ ва ҳангоми осеби (ё ангезиши) маркази зоиқавии ҳиссаи чакагии мағзи сар мушоҳида мешавад. Тадқиқи анализаторҳои зоиқавӣ ва ихтилоли зоиқа аҳамияти ташхисӣ дорад.