Jump to content

Чоч ва Илок

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Чоч ва Илок - мулкест дар байни дарёи Чирчиқ ва Илок, дар имрўза вилояти Тошканди Ўзбекистон.[1]

Дар асрҳои V-VIII мулкҳои Чоч ва Илок низ муҳим буданд. Пойтахти Чоч – шаҳри Бинокат буда, подшоҳи онро «тудун» мегуфтанд. Пойтахти Илок - Тункат буда, ҳокими онро «деҳқон» мегуфтанд. Дар асрҳои V-VI вилояти Чоч ба давлати Ҳайтолиён, дар нимаи дуюми асри VI-VII бошад, ба Ҳоқонии Туркони Ғарбӣ тобеъ буд.

Дар ибтидои асри VIII Чочу Илок аз лиҳози сиёсӣ муттаҳид шуда, ба давлати ягона табдил ёфта, истиқлоли худро барқарор намуданд.[2]

  1. Муҳимтарин саҳифаҳои таърихи халқи тоҷик. Мураттибон Ҳотамов Н.Б.,Саъдиев Ш.С. Нашри дуюм. - Душанбе,2010
  2. Ҳотамов Н.Б., Довуди Д., Муллоҷонов С., Исоматов М. Таърихи халқи тоҷик (Китоби дарсӣ). – Душанбе,2011, – с. 72.

Портал:Таърих