Jump to content

Чоҳи абаржарфи Кола

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Чоҳи абаржарфи Кола
Нигора
Кишвар
Воҳиди марзию маъмурӣ ноҳияи Печенга[d]
Мавқеият Нимҷазираи Кола
Жарфои амудӣ 12 262 м[1]
Акси чоп/эмблема
 Парвандаҳо дар Викианбор

Чоҳи абаржарфи Кола (русӣ: Кольская сверхглубокая скважина, СГ-3) — амиқтарин чоҳи сохтаи башар ва амиқтарин ҳуфраи маснӯъии кураи Замин, ки арзиши илмӣ дорад. Бахше аз системи чоҳҳои абаржарфи дар ИҶШС буд. Дар 15 километрии шарқи рустои Никел ва 10 километрии ғарби шаҳри Заполярний воқеъ аст.

Дар соли 1997 дар рекордҳои Гиннес ба унвони амиқтарин таҳоҷуми инсон ба пӯстаи замин сабт шуд ва то ба имрӯз чунин боқӣ мондааст. Ҳамчунин то соли 2008 тӯлонитарин чоҳи ҷаҳон буд, замоне, ки чоҳи нафти Maersk Oil BD-04A (12 290 м, ҳавзаи нафтии Ал-Шоҳин, Қатар) бо кунҷи тез нисбат ба сатҳи замин кофта шуд[2][3][4][5][6]. Дар ҳоли ҳозир, тӯлонитарин чоҳ Z-44 Чайво (Русия) — 15 км (рекорд дар соли 2017 сабт шуд) аст, ки барои тавлиди нафт дар қафасаи Сахалин ҳаффорӣ шудааст[7][8].

Ҳаффории чоҳ ва таҷзияву таҳлили маводди бадастомада тавассути Экспедитсияи заминшиносӣ ва иктишофии ҳаффории амиқи муҷтамеъи Кола таҳти раҳбарии доимии Дэвид Губерман анҷом шуд.

Дар натиҷаи ҳаффорӣ, ки аз соли 1970 то 1991 ба таври мутановиб анҷом шуд, жарфои чоҳ 12 262 метр буд. Қутри қисмати болоӣ 92 сантиметр ва қутри қисмат пойин 21,5 сантиметр аст, ки пас аз як чанде ҳаводис дар соли 1994 чоҳ баста шуд.

Дар баҳори соли 2020, мақомоти Мурманск эълом карданд, ки қасд доранд чоҳи абаржарфи Коларо ба як ҷозибаи гардишгарӣ табдил кунанд[9].

  1. https://as.com/meristation/betech/el-pozo-mas-profundo-del-mundo-fue-creado-por-los-rusos-para-llegar-la-discontinuidad-de-mohorovicic-n/
  2. «Кольская сверхглубокая» — самая глубокая скважина в мире(пайванди дастнорас — таърих). 19 марти 2018 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 20 марти 2018.
  3. Пичугина, Татьяна Борисовна. Во глубине горячих руд.... www.vokrugsveta.ru(пайванди дастнорас — таърих) (1 октябри 2004). 27 сентябри 2020 санҷида шуд.
  4. Дыра в преисподнюю.(пайванди дастнорас — таърих).
  5. 10 самых длинных скважин в мире(пайванди дастнорас — таърих).
  6. Рекорд, который не превзойти.(пайванди дастнорас — таърих). 13 феврали 2023 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 19 марти 2018.
  7. Новый рекорд Роснефти. На Сахалине по технологии Fast Drill пробурена самая протяжённая в мире скважина - Новости ТЭК на Neftegaz.RU(рус.). neftegaz.ru(пайванди дастнорас — таърих) (16 ноябри 2017). 26 сентябри 2020 санҷида шуд.
  8. В России пробурены самые глубокие нефтяные скважины в мире(рус.). ТЭКНОБЛОГ(пайванди дастнорас — таърих) (22 марти 2017). 18 сентябри 2020 санҷида шуд.
  9. Власти Мурманской области планируют сделать Кольскую сверхглубокую скважину туробъектом(пайванди дастнорас — таърих).