Jump to content

Шавкат Абдусаломов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шавкат Абдусаломов
Шавкат Фозилович Абдусаломов
Таърихи таваллуд 7 август 1936(1936-08-07) (88 сол)
Зодгоҳ: Самарқанд, ҶШС Ӯзбекистон, ИҶШС
Шаҳрвандӣ  Тоҷикистон

Шавкат Фозилович Абдусаломов (07.08.1936, ш. Самарқанд), рассом ва актёри кино.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шавкат Абдусаломов Институти давлатии умумииттифоқии кинематографияи ш. Маскавро соли 1966 хатм карда, ҳамчун рассоми таҳиягар дар офаридани чандин филми истеҳсоли «Узбекфилм», «Мосфилм» ва «Афғонфилм» иштирок доштааст. Дар киностудияи «Тоҷикфилм» дар силсилаи филмҳои Борис Кимёгаров аз рўи достонҳои «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ – «Достони Рустам» (соли 1970), «Рустам ва Суҳроб» (соли 1971), «Достони Сиёвуш» (соли 1976) ҳамчун рассом ширкат варзидааст. Дар филмҳои тоҷикии «Муҳофиз» ва «Гирдбод» ба сифати актёр ҳунарнамоӣ кардааст.[1] [2]

  1. Энциклопедия кино Таджикистана. — Душанбе, 2012. — C.49
  2. Сомонаи «Тоҷикфилм»