Бод

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Шамол)
Чигунагии эҷоди ноҳияи пурфишор тавассути бод

Бод (форсӣ: باد‎), шамол — нисбат ба замин ба таври уфуқӣ ҷой иваз кардани ҳаворо гӯянд.

Эҳтимолияти ҷойивазкунии амудии ҳаво садҳо маротиба кам аст ва он фақат дар абрҳо ва пуштаҳо ба дараҷаи намоён ба амал меояд. Сабаби асосии ба вуҷуд омадани ҳаракати ҳаво ин фарқияти фишори атмосферӣ дар байни ноҳияҳои алоҳида мебошад. Ҳаво аз минтақаи фишораш баланд ба сӯи минтақаи фишораш паст, мувофиқан аз самти ҳарорати сард ба сӯи минтақаи баланд, яъне ба сӯйи градиенти фишорӣ ва ҳароратӣ ҳаракат мекунад. Ба ин ҳаракати ҳаво чанд қувва – қувваи майлдиҳандаи гардиши Замин – Қувваи Кориолис, қувваи соиш ва моменти ҳаракати каҷхаттаи ҳаво, инчунин қувваи марказгурез таъсир мерасонанд.

Тавсифот[вироиш | вироиши манбаъ]

Тавсифоти асосии бод самт ва суръат мебошад. Самти бод дар метеорология бо он қисми уфуқ, ки аз он ҷо мевазад, муайян карда мешавад. Самти бод ё бо градусҳо ё аз рӯйи системаи 16-румба (масалан, шимол, шимолу шарқ, ҷанубу ғарб ва ғайра) бо румбҳо ифода мешавад. Суръати бод бо м/с, км/соат, узел ва бо асбоби анемометр ё боднамо чен карда мешавад. Барои баҳо додан ба суръати тақрибии бод ва таъсири он ба объектҳои заминӣ ё талотуми баҳр аз шкалаи дувоздаҳбалаи Бофорт истифода мебаранд (Ф. Бофорт, 1806).

Бодҳои маҳаллӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Боде, ки аз ҳисоби фарқияти ҳароратҳо дар натиҷаи тавсифоти гуногуни орографии минтақаи мазкур ба амал меояд, маҳаллӣ номида мешавад. Боди маҳаллӣ чандон тӯлонӣ набуда, нисбат ба замин ба таври уфуқӣ аз мавзеи гарм ба сард мевазад. Қувваи Кориолис ба бодҳои маҳаллӣ амалан таъсир намерасонад. Агар суръати бод тез бошад, қувваи соиш камтар таъсир мерасонад.

Дар Тоҷикистон[вироиш | вироиши манбаъ]

Бодҳои маҳаллӣ дар ҶТ зери таъсири орографияи мураккаб ташаккул меёбанд, ки дар он қаторкӯҳҳо ва водиҳо самтнокии гуногун (аз арзӣ то меридианӣ) дошта, баландиашон аз сатҳи баҳр аз 300–400 то 7495 м-ро ташкил медиҳад. Дар натиҷа дар ин ҷо бодҳои маҳаллии зерин мушоҳида мешаванд: кӯҳию водӣ, пиряхӣ, насими обанборҳо. Ба бодҳои маҳаллӣ инчунин гармсел, кӯҳбода, тундбоди Варзоб, тундбоди Урсатевск (тундбоди шарқӣ), хокбоди афғонӣ дохил мешаванд.

Бодҳои кӯҳию водӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Бодҳои кӯҳию водӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ ба вуҷуд омада, вобаста ба вақти шабонарӯзӣ самташонро дигар мекунанд. Бинобар дар қисми шарқии Тоҷикистон баланд будани массивҳои кӯҳӣ ва бештари масоҳати онҳоро фаро гирифтани пиряхҳо, бод шабона, дар мавсими сарди ҳаво бошад, ҳатто рӯзона аз тарафи кӯҳ ба самти водӣ мевазад. Дар мавсими гарми ҳаво аз соатҳои 11–13, ки ҳавои ҳамворӣ ва водӣ нисбат ба нишебии кӯҳҳо сардтар аст, дар ҷануби Тоҷикистон боди ғарбӣ, ҷан. ғарбӣ бартарӣ дорад ва ҳатто боди ҷанубӣ аз тарафи дарёи Панҷ мевазад. Суръати боди кӯҳию водӣ баланд нест. Масалан, дар минтақаи Душанбе ва Кӯлоб ба 4–5 м/с баробар аст. Илова бар ин, дар нимаи дуюми рӯз, хусусан дар тангии водиҳо (дараҳо) суръати бодҳои ғарбӣ, ҷанубу ғарбӣ ва ҷанубӣ баланд шуда, то 7–10 м/с мерасад.

Бодҳои пиряхӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Бодҳои пиряхӣ ба кӯҳбода мансуб буда, асосан аз кӯҳҳои Помир мевазанд ва бо равандҳои макродаваронии муайян қувват гирифта, дар баландиҳои аз 3 км баланд ба вуҷуд меоянд. Дар қабатҳои поёнӣ бошад, бодҳои нисбатан гармтар мевазанд. Бодҳои пиряхӣ аз кӯҳҳои баланд ба поён мевазанд, аз ин рӯ онҳоро баъзан бодҳои ҷорӣ низ меноманд. Бодҳои ҷорӣ дар мавсими тобистон ба вуҷуд меоянд, дар ин маврид ҳаракати амудии ҳаво, ки ба поён самт мегирад, ба вуҷуд омада, ба парвози самолётҳо дар аэропортҳои Помир халал мерасонад.

Насими обӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Насими обӣ барои минтақаҳои назди соҳил хос буда, дар назди кӯл, обанборҳо ва дарё дар натиҷаи шабу рӯз фарқ кардани ҳарорати сатҳи об ва хушкӣ ба вуҷуд меояд. Шабона сатҳи хушкӣ назар ба сатҳи об сардтар буда, бод аз соҳил ба тарафи об мевазад. Рӯзона соҳил назар ба об бештар гарм шуда, ҳаво аз тарафи об ба сӯйи хушкӣ равона мешавад ва онро салқинтар мекунад. Гармсел боди гарм ва намуди боди пиряхӣ буда, аз самти шим. шарқӣ ва шарқӣ мевазад. Ҳангоми гармсел ҳарор. ҳаво дар водиҳо то 43–47 0С гарм шуда, рутубати ҳаво ҳарор-ро то 20–30% пасттар карда метавонад. Ин боди гарм сатҳи хок, ҳаво ва рустаниҳоро хушк мекунад.

Кӯҳбода[вироиш | вироиши манбаъ]

Кӯҳбода дар натиҷаи аз қаторкӯҳҳо гузаштани ҳаво ба амал меояд. Дар нишебии бодзада ҳаво боло рафта, сард мешавад ва абр ба вуҷуд меояд. Дар Тоҷикистон ҳангоми ҷараёни шимолии ҳаво кӯҳбода дар нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор, ҳангоми ҷараёнҳои ғарбӣ дар нишебиҳои шарқии қ-кӯҳҳои ҷан. Тоҷикистон, ҳангоми ҷараёнҳои ҷан. ғарбӣ ва ҷан. дар нишебиҳои қаторкӯҳҳои Туркистон ба амал меояд.

Тундбоди Варзоб[вироиш | вироиши манбаъ]

Тундбоди Варзоб боди пуршиддати шамол буда, аз нишебиҳои ҷанубии қ-кӯҳҳои Ҳисор ба водии Ҳисор мевазад. Азбаски он аз дараи Варзоб ба самти шаҳри Душанбе мевазад, онро тундбоди Варзоб номидаанд. Дар ин маврид суръати бод то 17–25 м/с мерасад. Тундбоди Варзоб бештар моҳи июн дар рӯзҳои жола дар нишебиҳои қ-кӯҳҳои Ҳисор мевазад.

Боди Урсатевск[вироиш | вироиши манбаъ]

Боди Урсатевск боди сахти шарқӣ мебошад, ки дар натиҷаи тафовути байни фишор ва ҳарорат ба амал меояд. Боди градиентӣ аз шарқ ба ғарб вазида, дар гузаргоҳи байни қаторкӯҳҳои Қурама ва Туркистон («Дарвозаи Қӯқанд»), дар назди шаҳраки Урсатевски водии Фарғона пурқувват мешавад. Сиклон ҳар қадар ба ин минтақа наздик шавад, бод ҳамон қадар сахттар мевазад ва суръаташ дар ҳудуди 15–20 м/с тағйир ёфта, баъзан то 30–40 м/с баланд мешавад. Дар ин маврид бодҳои сахт дар шаҳри Хуҷанд мушоҳида мешаванд.

Хокбоди афғонӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Хокбоди афғонӣ ҳавои сарди аз ҷанубу ғарб ва ҷануб вазанда мебошад. Ҳавои сард ба водиҳои Тоҷикистон аз ҷониби Афғонистон мевазад (номаш аз ҳамин ҷост). Массаи сарди ҳаво дар биёбонҳои Қизилқум ва Қароқум ҳаракат карда, ба ҷануби Тоҷикистон ворид мегардад. Дар ин раванд ҳарорат боло рафта, ҳаво гармтар мешавад. Чунин бод бо суръати 10–15 с бӯрони шадиди чангро ба вуҷуд меоварад, ки дар ҳаво якчанд рӯз (2–4 шабонарӯз) муаллақ меистад, биниш ва нафаскаширо мушкил мегардонад.

Дар Минтақаҳои тропикии Замин пассатҳо ва муссонҳо мевазанд, ки омили асосии ташаккули сиклонҳои тропикӣ дар Уқёнуси Замин мегарданд. Дар ҳамин мавзеъҳо тӯфон низ ба вуҷуд меояд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]