Jump to content

Шохиси h (Эйч)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

H-index, ё h-Индекс — шохиси ададие аст, ки мекӯшад баҳраварӣ ва таъсиргузории илмии донишмандонро ба сурати камӣ намоиш диҳад. Ин шохис бо дар назар гирифтани теъдоди мақолоти пуристиноди афрод ва теъдоди дафаъоти истинод шудани он мақолот тавассути дигарон муҳосиба мешавад. Аз ин шохис метавон барои таъсиргузории илмии гурӯҳе аз донишмандон низ баҳра бурд, масалан индекс эйч барои муҳосибаи таъсиргузории илмии донишгоҳҳо ва донишмандони як кишвар низ қобили истифода аст. Ин индекс дар соли 2005 тавассути физикдон Хорхе Хирш пешниҳод шуд ва аз ин рӯ, гоҳе бо номҳои «Хирш индекс» ё миқдори Хирш шинохта шудааст.

Таъриф ва ҳадаф[вироиш | вироиши манбаъ]

Эйч индекс шохисе аст, ки метавон ба василаи он муҳаққиқони таъсиргузорро аз онҳое, ки сирфан теъдоди зиёди мақола мунташир кардаанд, мутамоиз намуд. Ин шохис, ҳамчунин барои муқоисаи муҳаққиқоне, ки дар як ҳавзаи кории яксон фаъолият мекунанд, корбурд дорад. Муҳосибаи эйч индекс тавассути пойгоҳҳои эскопс, ИСИ ва гугл сколер барои мақолоти англисизабон ва низ пойгоҳи истинодии улуми ҷаҳони ислом (isc) барои мақолоти форсӣ имконпазир шудааст. Муҳосибаи индекс эйч бар пояи тавзеи истинодот дода шуда, ба осори мунташираи як фард ё гурӯҳе аз афрод сурат мегирад.

Гирифтани h -индекс аз графики тақсимоти мақолаҳо аз рӯи шумораи иқтибосот [1]

Қайдҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Hirsch J. E. An index to quantify an individual's scientific research output(англ.) // Proceedings of the National Academy of Sciences of the United States of America. — 2005. — Vol. 102, no. 46. — P. 16569—16572. — doi:10.1073/pnas.0507655102. — Bibcode2005PNAS..10216569H. — Шаблон:Arxiv. — PMID 16275915.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]