Jump to content

Шоҳмуҳаммад Навбар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шоҳмуҳаммад Навбар
Навъи фаъолият: шоир

Шоҳмуҳаммад Навбар (қарни XVII) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Бухоро зиндагӣ ва эҷод кардааст. Навабар шоири сермаҳсул буда, ба қавли Малеҳо «дар ҳар боб таснифоту таълифот доштааст». Ашъори парокандаи шоир дар маҷмуа ва баёзҳои асрҳои 17 ва 18 ба назар мерасанд. Достоне бо номи «Анису-л-ушшоқ» ба ӯ нисбат дода мешавад. Навбар шоири зиндадил буда, ба ояндаи нек умед мекардааст. Порчаи мазкур аз офаридаҳои Навбар аст:

Умр агар боқист, ранҷишҳо кӯҳан хоҳад шудан.
Он лабони талхгӯ ширинсухапн хоҳад шудан.
Хусравӣ суде надорад, ишқро нисбат қавист,
Оқибат Ширин ба коми Кӯҳкан хоҳад шудан.

  • Навбар Шоҳмуҳаммад // Муҳит — Плеханов. — Д. : СИЭСТ, 1984. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев ; 1978—1988, ҷ. 5).