Jump to content

Шоҳназар Бердиев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Шоҳназар Бердиев
Шоҳназар Пирназарович Бердиев
Таърихи таваллуд 5 ноябр 1966(1966-11-05) (57 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Панҷакент
Кишвар  Тоҷикистон
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илм
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ

Шоҳназар Пирназарович Бердиев (тав. 05.11.1966, ҷамоати деҳоти ба номи Лоиқ Шералии ноҳияи Панҷакент) — омӯзгори фанни ахлоқ ва зебоӣ, номзади илмҳои фалсафа (2011). Дорандаи медали Хидмати шоиста (2021) ва нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2003)

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Шоҳназар Пирназарович Бердиев солҳои 1984–1989 дар факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ таҳсил кардааст. Солҳои 1989–1998 ассистенти кафедраи фалсафа ва фарҳанги донишгоҳи омӯзгорӣ, 1993-1995 аспиранти рӯзонаи назди кафедраи фалсафаи фарҳанг, 2012-2013 ва аз соли 2016 ба ин сӯ мудири кафедраи фалсафаи донишгоҳи мазкур буда, солҳои 1999–2000 дар Донишгоҳи СинСинатии штати Оҳаёи ИМА аз курси такмили ихтисос гузаштааст. Рисолаи номзадиро дар мавзуи «Масъалаҳои ахлоқи Зардуштия» дифоъ намудааст (2011). Дар корҳои худ ахлоқи зардуштия, арзишҳои ахлоқии мутафаккирони то давраи исломии форсу-тоҷик ва масъалаҳои зебоишиносиро баррасӣ кардааст. Таҳти роҳбарии номбурда 4 нафар рисолаи номзадӣ дифоъ карда, 4 нафар чун унвонҷӯ рисолаҳои худро омолдаи дифоъ намудаанд. Дар тӯли роҳбарии ӯ дар кафедра дар панҷ соли охир як рисолаи докторӣ, 10- рисолаи номзадӣ ҳимоя гардидааст. Бердиев Ш. П. дар кафедра роҳбари лоиҳаи илмӣ- тадқиқотии фармоишӣ «Ҳолат ва сатҳи ифротгароии динӣ дар байни ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2021-2025)- ро ба зимма дошта, муаллифи 4 китоб ва зиёда аз 50 мақолаи илмӣ, илмӣ- оммавӣ аст.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Одоби муошират (дастури методӣ). Д., 2006;
  • Вожаномаи фалсафа. Д., 2014 (ҳаммуаллиф).,
  • Этика. Д., 2016;
  • Таърихи тамаддун ва фарҳанги ҷаҳон, ҷилди 3. Д., 2017 (ҳаммуаллиф).

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ