Шумора

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи

Шумора (форс. عددنویسه‎) - ҳиссаи номии нутқ буда, миқдор ва тартиби ашёро ифода менамояд ва ададҳоро номбар мекунад. Шумора ба саволҳои "чӣ қадар?" ва "чандум? ҷавоб мешавад. Дар ибораи "чаҳор китоб" ва "чорсаду бисту панҷ рӯзи меҳнат" ададҳои "4" ва "425" миқдори ашёро мефаҳмонанд. Дар ифодаҳои математикии "ду карат ду - чаҳор", "шашу ҳашт - чаҳордаҳ" шумораҳои ду, чаҳор, шаш, ҳашт, чаҳордаҳ ададҳоро ифода мекунанд. Дар ибораи курси сеюм, хонаи рақами ҳаштум тартиби шумори ашёро мефаҳмонанд. Шумораҳо ба ду гурўҳ ҷудо мешаванд: шумораҳои миқдорӣ ва шумораҳои тартибӣ.Шумораҳо аз рӯйи сохташон сода, мураккаб ва таркибӣ мебошанд.

Манбаъ[вироиш]

  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.- Душанбе:Дониш,1985. - 356с.