Ифротгароӣ
Ифротгароӣ (форсӣ: افراطگرایی), экстреми́зм (аз лот. extremus — канора, аз андоза берун, ифрот) — пайравӣ ба идеология, андеша ва мақсадҳои ифротӣ дар сиёсат, ки асосан тариқи истифодаи усулҳои зӯрӣ ва ғайриқонунӣ (анҷом додани амалиёти террористӣ, одамрабоӣ, қатл, барангехтани кинаву адоват, иғво ва ғ.) амалӣ мешавад; шакли ифротии инкори меъёрҳо ва қоидаҳои мавҷуда ва умумиэътирофшудаи ҷамъиятӣ аз ҷониби шахс ва гурӯҳҳои алоҳида; навъи кӯшиши ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ.
Таъриф
[вироиш | вироиши манбаъ]Ифротгароӣ падидаи сиёсию иҷтимоиест, ки ба суботи сиёсӣ, амният ва истиқлоли давлатҳо, татбиқи асосҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон таҳдиди ҷиддӣ эҷод мекунад. Ифротгароӣ хосси шахсони алоҳида, гурӯҳҳо, ҳаракатҳо, ҳизбҳо ва ҳатто давлатҳое мебошад, ки дар фаъолияти худ гузариш, гуфтушунид ва созишро инкор карда, фишоровариро роҳи ягонаи расидан ба ҳадафҳои худ мешуморанд. Терроризм хатарноктарин шакли зоҳиршавии ифротгароӣ мебошад.
Ифротгароӣ танҳо дар соҳаи сиёсат ба назар нарасида, балки дар тамоми ҷанбаҳои фаъолияти инсонӣ зуҳур мекунад. Он идеологияе мебошад, ки истифодаи ҳама гуна чораҳоро дар ҷомеа барои ба даст овардани фоидаи дилхоҳи худ ҷоиз мешуморад. Сабабҳои ташаккул ва тавсиаи ифротгароӣ: буҳронҳои иҷтимоию иқтисодӣ, коҳиш ёфтани сатҳи зиндагии аксарияти аҳолӣ, реҷаи сиёсии тоталитарӣ, саркӯб шудани мухолифон, таъқиби дигарандешон, сатҳи пасти фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, мавҷуд набудани механизми муассири ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон ва ғ. Дар чунин ҳолатҳо гурӯҳҳое пайдо мешаванд, ки вазъи бавуҷудомадаро бо роҳи зӯрӣ ҳал кардан мехоҳанд.
Ифротгароӣ номидани навъи рафтор ва ё тарзи амале ҳамеша ҷанбаи субъективӣ ва сиёсӣ дорад. Як амали ифротгароӣ аз ҷониби доираи муайян метавонад чун «мубориза барои озодӣ» ва аз ҷониби доираи дигар ҳамчун «амали зиддиҷамъиятӣ ва террористӣ» унвон шавад. Ҳатто дар дохили як давлат фаҳмишҳо атрофи ифротгароӣ метавонанд гуногун бошанд. Масалан, дар таҷрибаи ҳуқуқии ИМА истилоҳи ифротгароӣ гуногун арзёбӣ шуда, дар баъзе иёлот ҳамчун «ҷиноят дар пояи хусумат» тавсиф мешавад ва нисбат ба дигар иёлоти он чандон ҷавобгарии вазнин надорад. Ифротгароӣ навъи хосси ҷиноят шуморида мешавад, ки зери таъсири хусумат ба намояндаи дигар қавму миллат, дин, эътиқоди сиёсӣ, ҷинс ва эътибори ҷинсӣ зоҳир мегардад.
Таърифи ҳуқуқии байналмилалӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Аввалин таҷрибаи байналмилалӣ дар самти тафсир кардани ифротгароӣ Конвенсияи Шонгҳой «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм, сепаратизм ва экстремизм» (15.6.2001) мебошад[1]. Мувофиқи ин санад ифротгароӣ тарзи фаъолиятест, ки бо бадасторӣ ва ҳифзи маҷбурии ҳокимият, ба зӯр ворид намудани тағйирот ба сохтори конститутсионии давлат, таарруз ба амнияти ҷамъиятӣ ва мусаллаҳшавии ғайриқонунӣ асос ёфтааст.
Мувофиқи Қатъномаи Маҷмааи парламенти Шӯрои Аврупо ифротгароӣ шакли фаъолияти сиёсиест, ки бо идеология ва таҷрибаи таҳаммулнопазирӣ, бегонашавӣ, ксенофобия (тоқатнопазирӣ ба дигарон, хориҷиён), зиддияҳудӣ (антисемитизм) ва ултрамиллатгароӣ (шакли миллатгароиест, ки манофеи як миллат ва ё давлатро авлотар аз дигарон медонад) асос ёфта, ба таври ошкоро ё пинҳонӣ усули демократияи парламентиро инкор мекунад. Шаклҳои Ифротгароӣ: сиёсӣ, динӣ, нажодӣ, этникӣ, миллӣ, иҷтимоӣ. Ифротгароии сиёсӣ ва динӣ маъмултарин навъи ифротгароӣ дар таҷрибаи равандҳои сиёсии муосир ба ҳисоб мераванд. Ифротгароии сиёсӣ фаъолияти ғайриқонунии ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳо ва шахсони алоҳида мебошад, ки бо роҳи зӯроварӣ ва тариқи барангехтани кинаву адовати миллию иҷтимоӣ сохтори мавҷудаи давлатро тағйир додан мехоҳанд. Ифротгароии динӣ ба идеологияи муайяни динӣ такя карда, ба дин ва пайравони динҳои дигар муносибати оштинопазир дорад ва мехоҳад сохтори давлатро дар асоси анъанаҳои динӣ ба роҳ монад. Демагогия (авомфиребӣ) усули маъмули фаъолияти ифротгароии динӣ мебошад.
Солҳои охир созмону ҳаракатҳои ифротгароӣ ақидаҳояшонро дар кишварҳои гуногун паҳн намуда, гурӯҳҳои мухталифи ҷомеа, бахусус ҷавононро ҷалб карданд.
Дар Тоҷикистон
[вироиш | вироиши манбаъ]Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бо ифротгароӣ чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Тибқи қонун ифротгароӣ ҷиноят аст. Барои даъвати оммавӣ дар амалигардонии фаъолияти ифротгароӣ, ташкили иттиҳоду созмони ифротгароӣ ва иштирок дар он, ташкили таълим ё гурӯҳи таълимие, ки хусусияти динии ифротгароӣ дорад, КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо муқаррар кардааст (моддаи 307). Шахсе, ки ихтиёран аз иштирок дар амалҳои зикршуда даст мекашад, аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод карда мешавад, агар дар кирдори ӯ таркиби ҷинояти дигар мавҷуд набошад.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Справка о документе «Шанхайская конвенция о борьбе с терроризмом, сепаратизмом и экстремизмом»(рус.). Консультант-Плюс. 11 апрели 2011 санҷида шуд.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Ифротгароӣ / М. Абдуҷабборов // Исҳоқ — Кашиш. — Д. : СИЭМТ, 2020. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 9). — ISBN 978-99975-68-17-5.
- Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон // Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 1998;
- Шанхайская конвенция о борьбе с терроризмом, сепаратизмом и экстремизмом. Шанхай, 2001;
- Комлев Н. Словарь иностранных слов. М., 2006;
- Кадиева А. Сущность и классификация экстремизма // Гуманитарные и социально-экономические науки. № 3, М., 2007;
- Арчаков М. Психологические особенности политического экстремизма // Власть. № 12, М., 2010.