Jump to content

Эргаш Шарифов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Эргаш Шарипов)
Эргаш Шарифов
Зодрӯз 14 феврал 1913(1913-02-14)
Таърихи даргузашт 22 апрел 1945(1945-04-22) (32 сол)
Мансубият
Солҳои хидмат артиллерия
Равобит
Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ
ордени Ленин

Шарифов Эргаш Қосимович (14 феврал 1913, Маҳрам22 апрел 1945, Уҳерски-Брод[d]) — иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ (1946, баъд аз марг), лейтенани хурд.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Эргаш Шарифов 14 феврали соли 1913 дар деҳаи Маҳрами хозира ҳозиран ноҳияи Конибодом дар хонадони деҳқони тоҷик ба дунё омадааст. Солҳои 1935—1937 дар сафи Артиши Сурх хидмат кардааст. Ба ватан баргашта, дар шаҳри Тошканд курсҳои омӯзгорироро хатм кард. Муаллими мактаби миёнаи вилояти Кулоб шуда кор кардааст. Аъзои ВКП (б) аз соли 1940.

Январи 1943 ба сафи Ариши Шӯравӣ даъват шуда, июли 1943 баъди хатми Омӯзишгоҳи артилллерии шаҳри Красноярск ба фронт рафт. Эргаш Шарифов дар ҷанги назди шаҳри Уҳерски-Брод қаҳрамонона ҳалок гардид.

Ба хотираи Шарифов дар зодгоҳи қаҳрамон ҳайкали ёдгорӣ гузошта, чанде мактабу кӯчаҳо номи ӯро гирифтаанд.

  • Шарифов Эргаш / А. Бобоҷон // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).