Jump to content

Эроншоҳ ибни Абилхайр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Эроншоҳ ибни Абилхайр
Навъи фаъолият: нависанда, шоир

Ҳаким Эроншоҳ ибни Абулхайр (форсӣ: حکیم ایرانشاه بن ابی الخیر)‎) — шоири қарнҳои XI—XII, муосири Муҳаммад ибни Маликшоҳи Салҷуқӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли таваллуд ва вафоташ номаълум аст. Дар асоси гуфтаҳои шоир дар оғози достони «Баҳманнома», тахмин кардан мумкин аст, ки Эроншоҳ то соли 511 ҳиџри (1117 мелодї) дар қайди ҳаёт будааст. Дар бораи џараёни зиндагонии ӯ маълумоти дигар мавџуд нест.

Мақолаи асосӣ: Баҳманнома

Аз осори Ҳаким Эроншоҳ факат достони «Баҳманнома» то ба замони мо омада расидааст, ки онро шоир дар ҳудуди соли 500 ҳиҷрӣ (1106 милоди) ба номи султон Мухаммад бинни Маликшоҳи салчуқи ба риштаи назм кашидааст. Ин манзума қариб 5500 байтро дар бар мегирад. Мавзӯи он иборат аз саргузашти Баҳман — писари Исфандиёр ва ҷангу корнамоиҳои ӯст, ки пас аз марги падараш уро паҳлавони Сиистон — Рустам тарбия кардааст.