Этрап
Этрап ( туркм. Etrap Этрап, забони тоҷикӣ ноҳия ) — воҳиди марзию маъмурӣ дараҷаи дуюми тақсимоти маъмурию ҳудудии ҳозираи Туркманистон аст. Этрап ба як ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон монанд аст.
Тавсиф
[вироиш | вироиши манбаъ]Тақсимоти маъмурии Туркманистон аз этрапҳо иборат аст, ки ин ба ноҳияҳо тақсим шудани собиқ вилоятҳои ҶШС Туркманистон мувофиқ аст. Ҳамчунин, пойтахти Туркманистон - шаҳри Ишқобод низ ба чанд этрапи шаҳрӣ тақсим шудааст. Дар бораи ба этрапҳо тақсим шудани дигар шаҳрҳои кишвар маълумоти дақиқ нест.
Этрапҳо аз шаҳрхои тобеи махаллӣ, шаҳрахо ва генгешликҳо (аз чумла як ё якчанд деҳаҳо) иборатанд. Генгешликҳо ба Шуроҳои деҳоти давраи шуравӣ монанданд. Сарони этрапҳо " Ҳаким " ном доранд ва аз ҷониби президенти Туркманистон таъин карда мешаванд .
То соли 2008 мақомоти намояндагии этрапҳо "Халқ маслиҳатӣ " ба ном дошт, ки аъзои он аз ҷониби шаҳрвандони воҳидҳои маъмурию ҳудудии дахлдор ба мӯҳлати чор сол интихоб мешуданд.
То 1 феврали соли 2016 дар Туркманистон 50 этрап, дар шаҳрҳо 8 этрап ва 15 шаҳр бо ҳуқуқи этрап мавҷуд буданд [1] .
Нигаред низ
[вироиш | вироиши манбаъ]- Руйхати этрапҳои Туркманистон
- Тақсимоти маъмурию ҳудудии Туркманистон
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Этрапские казыеты и казыеты городов с правами этрапа // Судебные системы Европы и Евразии / Под ред. Р. А. Курбанова, Р. А. Гурбанова. — Научно-энциклопедическое издание. — «Проспект», 2019. — Т. 3. Евразия. — С. 224. — 422 с. — ISBN 5392291821.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 апрели соли 2009 «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохтори маъмурӣ-ҳудудии Туркманистон, номгузорӣ ва иваз кардани номи корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо ва дигар объектҳои давлатӣ».