Юрий Бобоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Юрий Бобоев
Юрий Исроилович Бобоев
Навъи фаъолият:

мунаққид ва адабиётшинос

Санаи таваллуд:

2 ноябри соли 1917

Зодгоҳ:

ш. Самарқанд

Санаи марг:

соли 1996

Юрий Исроилович Бобоев ( 2. 11.1917, ш. Самарқанд – 1996, ИМА), мунаққид ва адабиётшинос Узви ИН СССР (1950), доктори илми филология (1958). “Аълочии маор. халқи Тоҷикистон” (1954). Муаллими хизматнишондодаи Тоҷикистон (1977).

Зиндагинома[вироиш]

Дастпарвари мак. миёнаи № 15 ш. Самарқанд. Дар рабфаки назди УДӮзб. (ҳоло – ДДС) таҳсил намуда, ҳамзамон дар рӯзн. Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳамчун корм. адабӣ ҳамкорӣ кардааст (1932-38). С. 1939-1940 ба талабагони синфҳои 6 - 7 мак. № 21 ш. Самарқанд аз заб. ва адаб. тоҷ. дарс гуфтааст. УДС ба номи А. Навоиро хатм кардааст (1945). С. 1945 ба Тоҷикистон омада, дар матбуот ва муассисаҳои илмӣ кор кардааст: кот. илмӣ (1945-48), асп. каф. адаб. (1948-50), ход. илмии Ин.-ути таърих, заб. ва адаб. Фарҳангистони улуми Тоҷикистон (1950-52), референти През. Фарҳангистони улуми Тоҷикистон (1951-1952). Аз с. 1947 то охири умр муал. ва с.-ҳои зиёд муд. каф. адабиёти тоҷҷикӣ дар ИПД ба номи Т,Г,Шевченко (ҳоло- Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) буд.

Фаъолияти илмӣ[вироиш]

Доир ба масъалаҳои гуногуни таъриху назария ва танқиди адабӣ беш аз 400 асару мақ. илмӣ таълиф намудааст. Аз ҷумла китоби “Жанри таърихӣ” ва романи “Ғуломон”-и С.Айнӣ (1948), мон. “Асосгузори адабиёти советии тоҷик” (1958), “Садриддин Айнӣ” (дар китоби “Адабиёти советии тоҷик”, 1952-87), “Айнӣ – устоди таҳлили педагогӣ” (1956), “Аҳамияти ҳозиразамонии повесту романҳои таърихӣ ва С. Айнӣ” (1966), “Оид ба таҷрибаи романнависии С.Айнӣ ва анъанаҳои он” (1966), “Ҳақиқати револютсия ва нигоришҳои роман” (1977), “Айнии романнавис ва романҳои ҷаҳонӣ” (1984), мон. “Ҷалол Икромӣ” (1970-85), 100 мақолаи илмӣ ва 7 мон. доир ба ҳаёту эҷодиёти М.Турсунзода – мон. “Мирзо Турсунзода” (1961), “Сипаҳсолори назм” (1971), “Певец солнечных вершин” (1978) ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Муаллифи китобҳои дарсии “Адабиёти советии тоҷик” (бо ҳамқаламии Н.Маъсумӣ, Х.Мирзозода, Н.Содиқова), муаллифи нахустин китобҳои дарсии назарияи адаб. барои дон. олии ҷум.- “Муқаддимаи адабиётшиносӣ” (1974) ва “Назарияи адабиёт” (қ. 1, 1987) ва асарҳои д. Бо бисёр мед. ва Грам. Фахрии През. Сов. Олии Тоҷ. мукофотонида шудааст.[1]

Пайвандҳои беруна[вироиш]

Манобеъ[вироиш]

  1. Аслҳо ва наслҳо. - Душанбе, 1988.