Юрий Соловей
Соловей Юрий | |
Таърихи таваллуд: | 26 апрел 1913 (111 сол) |
Касб: | ҳунарпеша |
Соловей Юрий Георгиевич (26 апрели 1913, Актюбинск — ?) — ҳунарпешаи театр, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1973).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Соли 1934 Институти давлатии санъати театрии ш. Маскавро ба поин оварда, дар Театри драмаи Ҷумҳурии мухтори Корелияи Русия фаъолият намудааст. Аз соли 1958 актёри Театри ҷумҳуриявии драма ва мазҳакаи русии ш. Чкаловск буд, муддате ба сифати директори он кор кардааст. Давоми қариб сӣ сол дар саҳнаи он аз осори классикони ҷаҳон, драматургони муосири русу тоҷик образҳои зиёд офарида, хислату характери қаҳрамононашро табий кушодааст. «Зани дурӯғгӯи ман», «Пеппи — ҷӯроби дароз», «Истгоҳи охирин», «Баъди омадани корвон», «Писари калонӣ», «Охирин», «Беша», «Нарасида», «Гунаҳгорони бегуноҳ», «Оилаи ҷинояткор», «Рақси сафед», «Офати табиӣ» аз ҷумла чунин намоишномаҳоанд. Як идда намоишномаҳоро рӯи саҳна овардааст.
Ҷоизаҳо
[вироиш | вироиши манбаъ]Бо медали «Барои меҳнати шоён» қадр ёфтааст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
- Pages using the JsonConfig extension
- Шахсиятҳо аз рӯи алифбо
- Зодагони 26 апрел
- Зодагони соли 1913
- Википедия:Мақолаҳои бесурат дар бораи синамогарон
- Википедия:Синамогарон бидуни IMDb
- Ҳунарпешагони хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон
- Ҳунарпешаи театр
- Ҳунарпешаҳои Тоҷикистон
- Ҳунарпешаи Театри давлатии драмаи русии ба номи Владимир Маяковский