Ямчун I

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ямчун I Сиёҳпӯш, Кофирқалъа - Қалъаи Ямчун, III пеш аз милод – асри VIII мелодӣ. Воқеъ дар қаторкӯҳи Вахон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

Қалъаи Ямчун дар болои деҳаи Ямчун,ВМКБ

Қалъа дар ҷамоати Питуп дар болои деҳаи Ямчун,дар нишебии серсанги ҷудошуда аз қаторкӯҳи Вахон тавассути ду дараи амиқи рӯдҳои Ямчун аз шарқ ва Вадхуд аз ғарб (шохобҳои рости дарёи Панҷ), ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон воқеъ аст.

Санагузорӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Қалъаи Ямчун ба III пеш аз милод – асри VIII мелодӣ мансуб аст.

Ҳафриёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Арки секунҷашакл майдончаи болоиро ишғол мекунад. Тамоми девори иҳотакунандаи арк ба 9 бурҷи мудаввари дорои тиркашҳои тарқишмонанд бо баландии 4 м. Мустаҳкам карда шудааст. Маводи сохтмонӣ: таҳкурсии деворҳо ва бурҷҳо аз сангу гил ва девори асосӣ аз хишти хом сохта шудаанд. Дар майдончаи поёни 40 манор ҷойгир аст. Масоҳати қалъа 470х775 м. мебошад.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

[1]

Манобеъ[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон. - Душанбе, 2011