Қалъа
Қалъа, ҳисор, диж - бинои баланд ва матини мустаҳкам, ки барои муҳофизат аз душман ва муқовимат ба он сохта шудааст. Одатан дар Қалъа аҳолию гарнизон меистод ва барои муддати тӯлонӣ бурдани ҷанги мудофиавӣ озуқа захира карда мешуд. Нишонаҳои қалъа ҳанӯз дар ҷамъияти ибтидоӣ ба вуҷуд омадаанд. Дертар қалъаҳое пайдо шуданд, ки девори онҳоро аз похсаю санг мебардоштанд. Аз беруни девори Қалъа хандақ кофта, онро аз об пур мекарданд, то ки душман вориди шаҳр шуда натавонад. Аввалҳо бошишгоҳро худи сокинони он аз ҳуҷуми душман мудофиа мекарданд. Баъди пайдо шудани армияи шаҳрҳою давлатҳои ғуломдорӣ зарурати такмил додани воситаю усулҳои мудофиа ба миён омад. Минбаъд дар атрофи шаҳрҳои куҳна деворҳои баланд (баландиаш 9-10 м, ғафсиаш 3-4 м, баъзан то 5-6 м) мебардоштагӣ шуданд, ки онҳо бурҷу тиркашҳо доштанд.[1]
Нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]
- Қалъаи Боло
- Қалъаи Душанбе
- Қалъаи Кофарниҳон
- Қалъаи Кум
- Қалъаи Мир
- Қалъаи Муғ
- Қалъаи Хуҷанд
- Қалъаи Қааҳка
- Қалъаи Қаратоғ
- Қалъаи Қаҳқаҳа
- Қалъаи Ҳисор
Пайнавиштҳо[вироиш | вироиши манбаъ]
- ↑ Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 315