Jump to content

Муайянкунанда

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Аъзои пайрави ҷумла, ки ашёро аз ҷиҳати аломат, сифат, хусусият, муносибат, соҳибият шарҳу эзоҳ медиҳад, муайянкунанда номида мешавад. Муайянкунанда, одатан, мубтадо, пуркунанда, ҳол ва ҷузъи номии хабарро аз ягон ҷиҳат муайян карда, аз ҷиҳати сохту таркиб ва ифодааш гуногун мешавад.

  • Чакраҳои калон-калони борон дар болои бом ва тирезаҳо нақоразанӣ мекунанд (Ҷалол Икромӣ).
  • Ӯ бачаи боадаб, хушфеъл ва зебо буд (Сотим Улуғзода).
  • Пешонаи ман арақи сард баровард (Сотим Улуғзода).

Муайянкунанда ба ду гурӯҳ ҷудо мешавад: муайянкунандаи изофӣ ва муайянкунандаи беизофа.

  • Луғати терминҳои забоншиносӣ.- Душанбе:Маориф,1983.- с.122