Пуркунанда

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Аъзои пайрави ҷумла, ки ба хабари ҷумла муносибатҳои гуногун дорад, пуркунанда номида мешавад. Пуркунанда ба саволҳои киро?, чиро?, аз кӣ?, аз чӣ ?, ба кӣ?, ба чӣ? ҷавоб мешавад. Пуркунанда одатан ба воситаи исм, ҷонишин ва ҳиссаҳои нутқе, ки хусусияти ашёгӣ мегиранд, ифода мегардад: Онҳо Восеъро ба назди ӯ ҳозир карданд (Сотим Улуғзода). Шодӣ Каримабонуро нағз мешинохт (Ҷалол Икромӣ). Одинаро хоб намебурд (Садриддин Айнӣ).

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик. - Душанбе: Дониш, 1989. - 224 с.