Ғазолии Ҳиротӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Ғазолии Ҷанбак)
Ғазолии Ҳиротӣ

Ғазолии Ҳиравӣ (форсӣ: غزالی هرویی‎; ? — 1564) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар зодгоҳаш таҳсили илм карда, ба камол расидааст. Аслан аз мардуми Ҳирот буд ва чанде дар Машҳад мезист. Дар шеър шогирди Ҳайдари Кулчапаз буд. Сафаре низ ба Ироқ ва Ҳиндустон дошт ва дар онҷо бо мавлоно Ғазолии Машҳадӣ дидор дошт.

Бо ӯ дар хусуси тахаллуси «Ғазолӣ» карданашон мутоибаву баҳс мекардааст. Баҳс ба фоидаи Ғазолии Ҳиравӣ анҷом ёфтааст, чунки ӯ ин байти мақбулро гуфта, ғолиб омадааст:

Назар сӯяш накардам в-аз гирифторӣ ҳазар кардам,
Вале худро гирифтори ту дидам, то назар кардам.

Ғазолӣ дар сурудани ғазал тавоно будааст. «Маҷмаъу-л-хавос» вайро таҳти унвони Ғазолии Ҷанбак овардааст[1].

Аз намунаҳои боқимондаи ашъораш бармеояд, ки шоири тавоно, хушсухану хушадо, гӯяндаи қасоиду ғазалҳои ғарро будааст. Абёти зер аз ӯст:

Чашмат, ки ба хунрезии ушшоқ саре дошт,
Мекушт якерову назар бо дигаре дошт.

Аз сагони сари кӯйи ту басе мунфаилам,
Ки ба ҳамсуҳбатии ҳамчу мане сохтаанд.

Маъмураи дил шуд зи ту вайрон, ба кӣ гӯям,
Шаҳре, ки хароб аст зи султон, ба кӣ гӯям?

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. غزالی هراتی. ویستا. 8 май 2024 санҷида шуд.

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]