Ғайбӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search
Ғайбӣ
Ҷамолуддини Ғайбӣ
Таърихи таваллуд номаълум
Пеша(ҳо) сароянда,навозанда

Ғайбӣ (Ҷамолуддини Ғайбӣ, падари Хоҷа Абдуқодир (1356-1435) буда, с. тав. ва ваф. номаълум), шоир, мусиқидон, навозанда, сароянда, донишманд. Ғайбӣ дар мусиқӣ, шеър, оҳангсозӣ, сознавозӣ мартабаи баланд дошт. Дар сознавозӣ ва назарияи мусиқӣ касе ҳампояи ӯ набуда, шогирдону пайравони зиёде дошта, писараш Хоҷа Абдуқодир маҳсули дар ин соҳа андӯхтааш буд. Хоҷа Абдуқодир дониш ва фазилати баланди Ғайбӣ ро сутуда: «дар ин илму амал (амалия ва назарияи мусиқӣ) ба мартабае расид, ки ҳиммати мубораки ишон буд ва ин маънӣ бар оламиён возеҳ ва лоиқ шуд ва ғарази он ҳазрат аз таълим дар ин фан бад-ин банда он буд, ки чун Қуръонро ҳифз карда будам, хостанд, ки маърифати нағамот камоянбағӣ ин бандаро ҳосил бишавад, то чун тиловати Каломуллоҳ ба нағамоти табиа кунам аз сару қувват бошад…» Дар бораи таълифоти назарии мусиқии Ҷамолуддини Ғайбӣ ахборе зикр наёфтаанд.

Адабиёт[вироиш]

Хоҷа Абдуқодири Мароғӣ, Шарҳи адвор, Теҳрон, 1370; Мақосид-ул-алҳон, Теҳрон, 1356; Тарбият М. Донишмандони номии Озарбойҷон, Табрез, 1348; Ҳабибу-с-сияр, ҷ.3-4; Вожаномаи мусиқии Эронзамин, Теҳрон, 1375.[1]

Ҳамчунин нигаред[вироиш]

Сарчашма[вироиш]

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. – Душанбе, 2009. - с. 53 ISBN 978-99947-49-13-3