Ғафур Ҳайдаров
Ғафур Ҳайдаров (15.01.1927, шаҳри Хуҷанд – 27.07.2009, шаҳри Хуҷанд), доктори илми таърих (1968), профессор (1970), Ходими шоистаи илми Тоҷикистон (1996).
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Ғафур Ҳайдаров cоли 1947 Институти давлатии педагогии Хуҷандро ба поён оварда, ба сифати ассистенти кафедраи таърихи ҳамин ҷо фаъолияташро шурӯъ намудааст. Солҳои 1950-1953 дар аспирантураи Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна (ш. Тошканд) хонда, фаъолияти минбаъдааш пурра (беш аз 45сол) дар Институти давлатии педагогии Хуҷанд гузаштааст, вазифаҳои сармуаллим, дотсенти кафедраи таърих (1953-1956), мудири кафедраи таърихи СССР (1956-1992), профессори кафедраи таърихи халқи тоҷикро Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (аз 1992 то охири умр) адо кардааст. Аз муаррихони пурмаҳсули тоҷик маҳсуб меёбад, зиёда аз ҳаштсад асару мақолаи илмӣ, илмӣ-методӣ, илмӣ-оммавӣ, публисистӣ навиштааст, ки масоили барқарор ва мустаҳкам гардидани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистон, амалӣ гардондани сиёсати миллии ҳизб ва давлати шӯравӣ дар ҷумҳурӣ, инкишофи маорифи халқ ва инқилоби маданӣ дар Тоҷикистон ва ғайраро фаро гирифтаанд. Муаллифи китобҳои дарсӣ аз фанни «Таърихи халқи тоҷик» аст, дар таълифу таҳрири бисёр китобҳо, аз ҷумла «Очеркҳои таърихи Партияи Коммунистии Тоҷикистон» (ду ҷилд, ба забони русӣ) ширкат варзидааст. Дар тарбияи кадрҳои илмии педагогӣ хидмати бедареғ намудааст. Бо ордени Ленин, медалҳо ва Грамотаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон қадр шудааст.
Осор
[вироиш | вироиши манбаъ]- Очерки истории народного образования в Туркестанской АССР (1917-1924). – Ташкент, 1953;
- Огни Ильича на Сирдарье. – Д., 1962;
- Краткий очерк по истории Ленинабада. – Д., 1966;
- Из истории социалистического строительства в северных районах Таджикистана. (1917-1937). – М., 1967;
- Борьба за установление и упрочение Советской власти в Северном Таджикистане. – Ленинабад, 1967;
- Первые шаги Хаджентского Совета. – Д., 1968;
- Ленинабад. Буклет. – Д., 1969;
- Светом ленинских идей озарённый край. – Д., 1970;
- Очерки истории социалистического строительства в Северном Таджикистане. – Д., 1974;
- Принципҳои ленинии интернациона-лизми пролетарӣ ва замони ҳозира. – Д., 1980;
- Город Ленина на Сирдарье. – Д., 1984;
- Наша гордость-Ленинабад. – Ленинабад, 1984;
- Ленинабад-юбилейный. – Ленинабад, 1985;
- Образование и деятельность Ленинабадской городской партийной организации (1917-1985). – Д., 1986;
- Город интернациональной дружбы. – Д., 1986;
- История Ленинабада. Научно-популярный очерк. – Д., 1987;
- Ленинабад-2500 лет. Альбом. – Д., 1987;
- Исторический процесс социалистических наций. – М., 1987;
- Кономаи ҷангӣ ва меҳнатӣ. – Ленинобод, 1990 (ҳаммуаллиф);
- Съезд добрых надежд и обновление. – Ленинабад, 1990;
- Ба сӯи таҷдид. – Ленинобод, 1990;
- Светочи знаний. – Х., 1991;
- Светлый свет на земле. – Х., 1991;
- Колыбель таджикского революционного движение- Ленинабад. – Х., 1991;
- Первый этап освободительного движения в России (1825-1961). – Х., 1991;
- Мазҳари зебоӣ ва чашмаи илҳом. – Х., 1992;
- Храм знаний. – Х., 1992;
- Кохи фарҳанг. – Х., 1992 (ҳаммуаллиф);
- Таджикистан: трагедия и боль народа. – Д., 1993.(соавтор);
- Олим, устод, мураббӣ. – Х., 1993;
- Таджикистан: трагедия и боль народа. – Санкт-Петербург, 1993;
- Тожикистон: халқ фотиаси ва дард-алами. – Ташкент, 1993;
- Мавқеи лексия дар мактаби олӣ. – Х., 1994;
- Съезд Советов Хаджентского округа (1927-1930). – Х., 1994;
- Главная цель-служит народу. – Х., 1994;
- Мавқеи лексия дар мактаби олӣ. – Х., 1994 (ҳаммуаллиф);
- История таджикского народа (колониальный период). – Х., 1996 (соавтор);
- Важное событие в общественно-политической жизни таджикского народа ХХ столетия. – Х., 1996;
- Ибтидои ҳаракати озодихоҳӣ дар Русия. – Х., 1997 (ҳаммуаллиф);
- Из истории развитие культуры в Таджикистане. – Х., 1997 (соавтор);
- Страницы истории народного образования в Туркестанской АССР (1918-1924). – Х., 1998;
- История таджикского народа: ХХ век. – Х., 2001;
- Альма-Матер: Мои воспоминания. – Х., 2002;
- Начальная поступь суверенного Таджикистана. – Х., 2006;
- Адабиёт: Гафур Хайдарович Хайдаров (Материалы к библиографии ученных Таджикистана). – Д., 1987;
- Абдуллоев С. Ғаффорв У. Фидои илму маърифат. – Х., 1999.[1]
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – 728 с.