Jump to content

Ғиёс Баҳриев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ғиёс Баҳриев
Таърихи таваллуд 26 декабр 1930(1930-12-26)
Зодгоҳ Самарқанд
Таърихи даргузашт 14 июл 1998(1998-07-14) (67 сол)
Маҳалли даргузашт Самарқанд
Кишвар  Ӯзбекистон
Фазои илмӣ физика
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои физика ва математика
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Университети давлатии Самарқанд ба номи А. Навоӣ

Ғиёс Баҳриевич Баҳриев (26.12.1930, гуз. Қозӣ Ғафури (Регистони) шаҳри Самарқанд — 14.07.1998, дар ҳамон ҷо) — омӯзгор, механик-математик. Номзади илмҳои физика ва математика (1965), дотсент, профессор (1993).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Ғиёс Баҳриев Факултаи физмати Университети давлатии Самарқанд ба номи А. Навоиро хатм кардааст (1954). Муаллими кафедраи физмати УДСам (1954–62). Таҳсил дар аспирантураи УДМ ба номи М.В. Ломоносов (1962–1965). Пас аз ҳимояи рисолаи номзадӣ ба Душанбе омадааст (1965). Муаллим, муд. каф., дотс., профессори каф. «Механикаи назариявӣ ва ҷузъиёти мошинҳо»-и фак. мех. ИХҚТ (ҳоло – ДАТ ба номи Ш. Шоҳтемур, 1965–93). Соли 1993 бинобар ҷанги шаҳрвандӣ ба Самарқанд кӯчидааст. Дотсенти факултаи физикаи УДСам (1994–1997). Муаллифи беш аз 50 мақолаи илмию методӣ, аз он ҷумла 35 мақолаи илмӣ ва 15 кит. дарсӣ, аз ҷумла, китоби дарсии тоҷикӣ «Механикаи назариявӣ» (иборат аз ду ҷилд).[1]

  1. Аз асл ба насл. — Душанбе, 2019. — 215 с. (тоҷ.). ISBN 978-99947-958-2-6