Қабулӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қабулӣ

Қабулӣ (тав. ва вафот номаълум) — шоири тоҷик садаи XVI.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Зодгоҳаш Бухоро. Бино ба маълумоти "Музаккиру-л-аҳбоб"-и Нисорӣ, Қабулӣ аз амирзодагони чиғатоӣ буда, аз илмҳои расмии замонаш вуқуфи комила доштааст. Қабулӣ соҳибмансаб буда, дар Кармина зиндагӣ мекардааст. Ӯро соҳиби табъи баланд ва суханашро рангин ёд кардаанд. Ашъораш ҳасбиҳолӣ ва бештар шикоятист.

Намунае аз ашъори ӯ:

Аҷаб набвад агар имрӯҳ нашносӣ Қабулиро,
Ки рӯи зарди ӯ аз ашки гулгун ранги дигар шуд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]