Қавм

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Jump to navigation Jump to search

Қавмавлод, тоифа, этнос

Маъноҳо[вироиш]

  1. Қавм - аҳли хешутаборони ҳамхун, ки пайдоиши худро аз тарафи модар ё падар ба аҷдоди ягона (авлод) вобаста мекарданд. Тақрибан 40 ҳаз. сол муқаддам тараққиёти қувваҳои истеҳсолкунанда, дигаргуниҳои иҷтимоӣ боиси ташаккули одами намуди ҳозира Homo Sapiens (инсони бохирад) ва аз тӯдаи ибтидоии башар ҷудо шудани авлод гардидааст;
  2. Қавм - тоифаи як маҳалла, гузар ва деҳа, ки бино, ҷӯйбор, ҳавз, асбобу афзори маъракаҳои оилавӣ ва ҷамъиятиро якҷоя истифода баранд. Онҳо нисбат ба якдигар ҳуқуқҳо ва уҳдадориҳои «ҳаққи ҳамсоягӣ», «маҳалладорӣ» доштанд. Аъзои қавм дар тӯю мотами якдигар иштирок менамуданд, ба ҳамдигар молу пул ё қарз ё насия медоданд, шаъну шарафи ҳамқавмонро ҳимоя мекарданд, мардҳо дар ҳашарҳо, алғов (корҳои меҳнатталаби хоҷагӣ ва истеҳсолот), занон ҳангоми пахтакашӣ, ресмонресӣ, сӯзанидӯзӣ, равғанкашӣ ва ғ. ба ҳамдигар мадад мерасонанд. Анъанаи қавм дар байни аҳолӣ то ҳоло вомехӯрад.
  3. Қавм - намуди махсуси гуруҳи иҷтимоӣ, ки дар натиҷаи протсесси табиии таърихӣ ба вуҷуд омадааст, дар илм - этнос (ниг. Умумияти этникӣ) ном гирифтааст. Нишонаи муҳимтарини қавм худшиносист; ин хусусиятҳо забон, маданият ва ҳолати рӯҳии (психикаи) ба худ хос дорад. Вобаста ба сохти иқтисодию иҷтимоӣ дар таърихи башарият се типи Қавмро ҷудо мекунанд:

Манбаъ[вироиш]

  1. Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 311

Пайвандҳои беруна[вироиш]