Jump to content

Гузар

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гузар — маконе дар сероҳа, чорроҳа ва кӯчаҳои калону серодами шаҳру деҳот, ки дар масири он чойхона, масҷид, дуконҳои баққолию қассобӣ, бозор ва дигар иншооти ҷамъиятӣ, бунгоҳи тиббӣ ва мактабу марказҳои маърифатии замонавӣ воқеанд.

Баъзе гузарҳо аз рӯи машғулияти бошандагон ва ҳунармандонашон гузари чармгарон, оҳангарон, заргарон ва ғ. номгузорӣ шудаанд. Дар шимоли Тоҷикистон якчанд гузар як маҳалларо ташкил медиҳанд. Дар гузару маҳаллаҳо маросиму анъанаҳои таърихии гузаштаву имрӯзаро идома дода, одатан, он ҷо баъди кор ва рӯзҳои истироҳат тӯю маросими ёдбуд меороянд, суҳбату бозиҳо ташкил мекунанд ва истироҳат менамоянд.

Гузар, воҳиди ҳудудию маъмурӣ дар шаҳру деҳоти Осиёи Миёна (асрҳои 16-20). Мас., дар Бухоро гузарҳои Сӯзангарон, Заргарон, Иброҳимхӯҷа ва ғ., дар Кӯлоб гузарҳои Чармгарон, Шаҳид, Нонвои Боло, Нонвои Поён ва ғ. маъмул буданд. Дар Панҷакент то ҳол гузарҳои Шафтолузор, Себзор, Лаби Чашма, Ҳавзи Боҳасан, Вашанӣ, Сой, Қоқурӣ ва Қайнар боқӣ мондаанд. Дар Душанбе 14 гузар мавҷуд буд, ки ба амлокдори беки Ҳисор итоат намуда, онро оқсақолон идора мекарданд. Дар ин гузарҳо 10 мактаб, 2 мадраса ва 12 чойхона, даҳҳо оҳангархона, дуконҳои заргарӣ ва ғ. фаъолият менамуданд. Дар замони шӯравӣ гузар ва маҳаллаҳо дар асоси нақшаи меъморӣ таҳия ва таҷдид шуда, ба тарҳи умумии меъморию сохтмони кӯчаву хиёбонҳо мусоидат мекард. Ҳоло дар ш. Душанбе ноҳияҳо аз якчанд маҳалла ва маҳаллаҳо аз чандин гузар иборатанд, ки ҳудуди кӯчаву хиёбонҳои ҷудогонаро фаро мегиранд. Баъзе номҳои қадимии гузарҳои шаҳру деҳоти Тоҷикистон ҳоло ҳам дар байни халқ маъмуланд.