Jump to content

Қиёмиддин Гулмирзоев

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қиёмиддин Гулмирзоев
Қиёмиддин Ҳақмирзоевич Гулмирзоев
Таърихи таваллуд 25 апрел 1978(1978-04-25) (46 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Сангвор
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ ҷуғрофия
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илм
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ

Қиёмиддин Ҳақмирзоевич Гулмирзоев (тав. 25.04.1978, н. Сангвор (Тавилдара) – ҷуғрофияшинос, номзади илмҳои география, дотсент. Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2011).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Қиёмиддин Ҳақмирзоевич Гулмирзоев солҳои 1997-2001 факултети географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ хатм намудааст. Соли 2001-2003 ҳамин Донишгоҳро бо ихтисоси магистри илмҳои табиатшиносӣ хатм намуда, 2003-2007 таҳсилро дар шуъбаи аспирантураи ДОТ ба номи С. Айнӣ давом додааст. Дар мавзуи «Ҷанбаҳои географии батанзимдарории муҳоҷирати меҳнатии беруна (дар мисоли Тоҷикистон)» рисолаи номзадӣ ҳимоя кардааст (2019). Аълочии фарҳанги Тоҷикистон (2011) ва Ифтихорномаи ДДОТ ба номи С. Айнӣ (2018), муаллифи зиёда аз 40 маводи чопшудаи илмӣ-методӣ мебошад, ки дар онҳо масъалаҳои ҷуғрофии муҳоҷирати меҳнатӣ, истифодабарии дурусти захираҳои табиӣ мавриди тадқиқ қарор дода шудаанд.

  • Чистая вода и человеческое общество пути упровления. Д., 2007;
  • Захира ва самаранок истифодабарии обҳои Тоҷикистон. Д., 2009;
  • Качество водообеспеченности и экономическое состояние некоторих промышленних городов Таджикистана. Д., 2010;
  • Масъалаҳои ҳифзи захираҳои туристӣ ва рекреатсионии Тоҷикистон. Д., 2017;
  • Тағирёбии иқлим ва таъсири он ба захирахои обии Тоҷикистон. Д., 2019;
  • Захираи обии ҳавзаи дарёи Зарафшон ҳамчун омили асосии баланд бардоштани иқтисодиёти минтақа. Д., 2019;
  • Самаранок истифода бурдани захираҳои обӣ дар Тоҷикистон. Д., 2019;
  • Равандҳо ва манбаъҳои маълумоти оморӣ оиди 167 муҳоҷирати аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон. Д., 2019;
  • Осорхонакунонии канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон. Д., 2020.

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ