Гилем
Гилем — навъе аз палоси пашмин. Гилемро аз абрешим, пахта, пашми бузу гӯсфанд ва ё дигар ҳайвоноти хонагӣ мебофанд. Он асосан дар фарши хона ва болои бӯрё андохта мешавад. Навъҳои рангаи сода ва мунаққаш дорад; рангҳои истифодашуда дар он аслан гиёҳӣ ҳастанд ва гоҳе ҳам барои ҷилваи бештару куҳна нашудани ранг гилемро бо чой ё пӯсти чаҳормағз шустушӯ медиҳанд.
Таърих
[вироиш | вироиши манбаъ]Бинобар маълумоти маъхазҳои таърихӣ ва ҳафриёти бостоншиносӣ, қадимтарин гилем дар сарзамини мо — Варорӯд (Осиёи Миёна) ёфт шудааст. Дар натиҷаи ҳафриёти Хоразм гилемҳои мансуб ба ҳазораи I то м. ёфт шудаанд, ки дар бораи аз аҳди бостон дар Осиёи Миёна вуҷуд доштани гилем шаҳодат медиҳанд. Дар аҳди Хусрави Парвиз (590—628) дар кохи Мадоин гилеме бо номи «Баҳористон» густарда мешудааст, ки андозааш 900 зироъи мураббаъ ва дорои нақшунигори гуногун (тасвири гӯшаҳои табиати зебои Эронзамин, майсазор, гулу буттаҳо, ҷӯйҳои саршор, нақши парандагон, саҳнаҳо аз набардҳои шоҳони сосонӣ бо душманон ва ғ.) буда, бо нахи абрешими навъи аъло ва зумурраду ҷавоҳирот ороиш ёфтааст. Бинобар навиштаи муаллифи «Таърихи Табарӣ» (ҷ. IV), сарлашкари араб Саъд ибни Ваққос пас аз ғасбу ғорати Мадоин «Баҳористон»-ро ба ихтиёри халифа Умари Хаттоб фиристод, ки «он шаст зироъ дар шаст зироъ буд, якпорча, ба андозаи як ҷариб, ки дар он роҳҳои мусаввар буду обнамоҳо чун наҳрҳо ва лобалои он ҳаммонанди марворид буду ҳошияҳо чун киштзору сабзазори баҳорон буд аз ҳариру аз пудҳои тило, ки гулҳову нуқраву амсоли он дошт, тавассути чандин уштур ба Мадина фиристод. Умар дар тақсими чунин муъҷиза дармонд ва охируламр онро пора-пора кард, ки ҳар пораи он 20 ҳазор дирҳам буд». Муаллифони асарҳои таърихиву адабӣ (муаррихон Табарӣ ва Масъудӣ, Хурдодбеҳ ва дигарон) гилеми «Баҳористон»-ро аз нодиртарин муъҷизоти ҳунари башарӣ шуморидаанд.
Санъати гилембофӣ назди ниёкони тоҷикон аз шоҳкорҳои ҳунарӣ маҳсуб мешуд. Онҳо дар ин замина корҳои ҳунарии бисёре ба ёдгор гузоштаанд ва ин ҳунар минбаъд назди мардумони дигар низ роиҷ гардид. Дар марказҳои тоҷикнишин (Марв, Бухоро, Самарқанд, Устурушан, Хуҷанд ва ғ.) косибон анвои гуногуни палосу фаршҳои ороиширо бофтаанд. Ҳунармандон ба нақшҳои мураккабсохти ороишӣ, тасвири манзараҳои рангомези табиат, қасру кӯшкҳо, рустаниву парандагон таваҷҷуҳи хосса додаанд. Қимати гилем ба навъу сифат (бофта, дӯхта, бенақш ё гулдор), масолеҳ (аз абрешим, пахта, пат, пашм, сунъӣ) ва рангубори он (андоза, нақшунигор ва ғ.) вобаста аст.
Гилем дар Викианбор |
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- Гилем // Вичлас — Гӯянда. — Д. : СИЭМТ, 2015. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 4). — ISBN 978-99947-33-77-4.